Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи навро дар пешрафти ҷомеа оғоз кард. Далели ин гуфтаҳо фикру мулоҳизаҳои шахсони касбу кори гуногун аст, ки дар зер пешкаши хонандагон мегардонем.
Носирҷон САЛИМОВ — директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»: - Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурсате пешниҳод гардид, ки ҷомеаи мо ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ омодагӣ мегирад. Хосатан интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он воқеан як нишонаи барҷастаи ташаккули ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва касби эътибори бесобиқаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ, дар баробари таҳлили муфассалу дақиқи роҳҳои тайшуда, ки барҳақ давраи рушду равнақи соҳаҳои асосии ҳаёти мамлакат мебошанд, самтҳои пешрафти иқтисодиёт, вазифаҳои асосии ҷомеа ва ниҳодҳои гуногуни умури идории кишварро барои солҳои оянда муайян намуданд. Аз нукта ва матлабҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат бармеояд, ки ба марҳалаи тозаи рушду тараққӣ ворид гардидани ҷумҳурии мо аз ҷомеа, ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иҷрои вазифаҳои нав ба нав, амалӣ сохтани барномаҳои азимтару ояндасози давлатиро тақозо менамояд. Дар Паём муқаддас доштани арзишҳои маънавии миллӣ ва такомули арзишҳои демократӣ махсус зикр шуд. Масъалаи худогоҳию худшиносӣ ва дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани наслҳои ҷавон, посу гиромӣ доштани арзишҳои сулҳу ваҳдати тоҷикон аз ҷумлаи нуктаҳое буданд, ки дар Паём вобаста ба онҳо барои ниҳодҳои давлативу қонунгузорӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун барномаи амал пешкаш карда шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар як кишвар дар талоши он аст, ки бо ҳифзи ҳувияти миллию фарҳангии худ мақоми шоистаи хешро дар байни халқҳои гуногун дарёфт намояд ва онро пайваста таҳким бахшад. Аз ин ҷиҳат, он барнома ва вазифаҳои мушаххасе, ки дар Паёмашон Президенти ҷумҳурӣ дар назди ҷомеаи кишвар гузоштанд, ба андешаи ман, ягон фардеро, ки обу хоки Ватани худро азиз медорад, дар канор гузошта наметавонад. Бо руҳбаландӣ ва илҳоми хос истиқбол шудани Паёми Президент далели равшани он аст, ки дастурҳои барномавии Паёми имсола дар амал татбиқ мегарданд ва дар ҷодаи пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.
Суҳроб НАҶМУДДИНОВ -муаллими калони Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур: - Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди баррасӣ, таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки тӯли солҳои истиқлолият мо тавонистем дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба комёбию пешрафтҳо ноил гардем.
Дар Паём зимни баррасии самтҳои гуногуни фаъолият перомуни ҷавонон низ сухан рафт, зеро онҳо неруи ояндаи бунёдкори ҷомеа маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин дар Паём иброз гардид, ки дар тарбияи кӯдакону наврасон баробари падару модарон, омӯзгорон низ масъулият доранд. Оила ва мактаб танҳо дар ҳамбастагӣ метавонанд насли солимро тарбия намоянд. Дар робита ба рушду такомули маорифи мамлакат, аз ҷумла зикр гардид, ки «… дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст.Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад.
Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳама манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд». Таҳлилҳои рушди иқтисодиёт ва саноати кишвар дар Паём бояд мавриди омӯзиши макотиби олии мамлакат қарор гирад ва барои донишҷӯён ҳамчун маводи дарсӣ низ метавонад хизмат кунад.
Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»