Бояд эътироф намуд, ки барои тадқиқи ҳамаҷонибаи забон, адабиёт, таърих ва фалсафаи халқи тоҷик дастёбӣ ба манбаъҳои эътимоднок ва таърихан қадим, ки дар дасти мардуми илмдӯст маҳфуз мондаанд, зарур аст. Бинобар ин, бо ибтикори олимони шинохта Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев ба Ҳукумати РСС Тоҷикистон мактуб ирсол гардид, ки дар он зарурати ҷамъоварӣ, харидорӣ ва дар як маркази илмӣ нигоҳ доштани нусхаҳои ҷамъоваришуда таъкид шудааст.
Инро ба назар гирифта, Ҳукумати РСС Тоҷикистон соли 1953 «Дар бораи ҷамъоварии осори хаттӣ» қарор содир намуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: осори хаттие, ки ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ нигоҳ дошта мешуданд, ба ихтиёри Академияи илмҳои Тоҷикистон супурда шаванд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки зарурати ҷамъоварӣ ва харидории нусхаҳои хаттӣ ҳанӯз аз солҳои 20-уми асри гузашта шурӯъ гардида буд. Дар оғоз ин иқдоми нек аз ҷониби асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва олимони шинохтаи рус В. В, Бартолд, Н. И Зарубин, М. С. Андреев, А. А, Семёнов ва баъдтар олимони тоҷик Бобоҷон Ғафуров ва Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон гирифта шуд. Солҳои баъдӣ таҳти роҳбарии бевоситаи академик А. Мирзоев, олимон Камол Айнӣ, Мамадвафо Бақоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Амирбек Ҳабибов, Аълохон Афсаҳзод, Ҷобулқо Додалишоев, Амрияздон Алимардонов, Абубакр Зуҳуридинов ва дигарон ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он — Самарқанду Бухоро рафта, нусхаҳои хаттиро аз мардуми маҳаллӣ харидорӣ ва ё аксбардорӣ карданд.
Бо ташкил шудани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (соли 1970) дар маркази диққати роҳбарияти Академияи илмҳо масъалаи ҷамъоварӣ ва феҳристкунонии нусхаҳои хаттӣ қарор гирифт.
Нусхаҳои хаттӣ бояд аз тарафи донишмандони соҳаи матншиносӣ ва нусхашиносӣ мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ чунин имконотро, ки нусхаҳои хаттӣ баъди харидорӣ шудан бояд поксозӣ ва безарар гардонда шаванд, надоранд.
Зарурати дар як маркази илмӣ ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ намудани нусхаҳои гаронбаҳои ниёгон на фақат ба мақсади аз нобудшавӣ нигоҳ доштани нусхаҳои хаттӣ, балки таҳти таҳқиқу баррасии олимон ва донишмандон қарор гирифтани онҳо мебошад, ки дар натиҷа, баъзе саҳифаҳои ҳанӯз норавшани таъриху фарҳанги халқи тоҷик ҳувайдо мегардад.
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дорои лабораторияи муҷаҳҳази замонавӣ буда, поксозӣ ва безараргардонии нусхаҳоро таъмин менамояд. Бояд таъкид кард, ки китобҳои дастрасшуда ниёз ба поксозӣ ва безарар гардондан аз гарду хоки садсола ва муриёна (кирми коғаз) доранд. Чунин имконият фақат дар Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Айни замон Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 5800 ҷилд нусхаи хаттӣ мебошад.
Дар китобхона беҳтарин намунаҳои хаттотии хушнависони номӣ, ба мисли Султоналии Машҳадӣ, Мир Имод, Миралӣ ва дигарон, ки намунаи онҳо ба наздикӣ бо номи «Восточная каллиграфия в собрании Академии наук Республики Таджикистан» аз чоп баромад, мавҷуд мебошад.
Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик А. Мирзоев яке аз марказҳои муҳими осори хаттии Осиёи Марказӣ мебошад. Агарчӣ таъсиси Ганҷинаи даснависҳо таърихи на чандон тӯлонӣ дорад, вале дар давоми бештар аз 50 соли мавҷудияташ ҳамчун маркази нусхаҳои хаттии ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар ин муддат шаш ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттӣ ба забони русӣ ба нашр расид ва ҷилдҳои 7, 8, 9 барои чоп омода шуд. Ин шаш ҷилд ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид. Аз рӯи нақшаи илмӣ бояд нусхаҳои хаттии мавҷуда ва тоза харидшуда тавсиф ва феҳрист шаванд.
Ҷуғрофиёи таълифи дастнависҳо ва китобати онҳо хеле васеъ мебошад. Ин мероси гаронбаҳо асосан дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, Кафқоз, Сариқули Чин ва Поволжеи Россия таълиф ва китобат гардидаанд.
Дар байни ин маҷмӯаи дастнависҳо осори нодир ва хеле қадимаю комил мавҷуданд. Қадимтарин нусхаи хаттии Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Бӯстон-ул-орифин»-и Абулайси Самарқандӣ мебошад, ки дар асри ХI таълиф шудааст. Нусхаҳои кадимтарини дигар тарҷумаи тоҷикӣ-форсии «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ат-Тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ, ки баъд аз 40 соли вафоташ китобат шудаст, маҳсуб мешаванд.
Дар ганҷинаи мазкур, инчунин дастнависҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар бораи онҳо ва муаллифонашон дар ягон феҳристи машҳури дунё маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Дар қатори чунин дастнависҳо «Мақомот»-и Шайх Абусаид Абулхайр (таърихи таълиф соли 1403), «Шарҳ ал-муғонӣ»-и Абумуҳаммад Мансур (асри XIV), «Маҷмаъ – ул-қасоид» (асри XVI), «Рисолаи қофия»-и Нуриддин Аҳмад ва «Рубоиёти мутафарриқа», Девони ашъор, «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Ҳоҷӣ Ҳусайн ибни Иноят Баззозии Саноӣ ва дигаронро метавон ном бурд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба ғайр аз нусхаҳои хаттӣ дар Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6500 нусхаи чопи сангӣ (литография) ва нусхаҳои аксбардоришуда, ки солҳои 1959-1963 аз манотиқи гуногуни Бадахшон ҷамъоварӣ шудаанд, мавҷуд мебошад.
Як қисмати дастнависҳои Ганҷинаро намунаҳои хаттие, ки аз солҳои 1959 — 1963 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъоварӣ шудаанд, ташкил медиҳанд.
Дастнависҳои қадимаи Бадахшон бо шумули дастнависҳои адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ аз тарафи муҳаққиқони рус И. Зарубин (дар соли 1916), А. А. Семёнов (солҳои 20-уми асри гузашта) ва В. Иванов дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон ҷамъоварӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, чунин ақидае вуҷуд дошт, ки теъдоди зиёди осори хаттӣ, бахусус мазҳабӣ, дар солҳои 30 — 40 -и асри гузашта ба яғмо рафтаанд ва ё онҳоро нобуд сохтаанд.
Хушбахтона, солҳои 50 — 60 асри гузашта бо дастгирии донишмандон, аз ҷумла академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров ва академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи мутахассисони Институти халқҳои Осиёии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷамъоварӣ ва харидорӣ намудани дастнависҳо сафарбар намоянд. Ин гурӯҳро шарқшиноси шӯравӣ Андрей Бертелс ва олими тоҷик Мамадвафо Бақоев сарпарастӣ намуданд.
Гурӯҳи мазкур дар муддати тақрибан панҷ сол ба чанд навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла Шуғнон, Ишкошим, Рӯшон сафар карда, аз мардуми таҳҷоӣ зиёда аз 280 нусхаи хаттӣ ва осори гаронбаҳои адабӣ, таърихӣ ва фалсафиро ҷамъоварӣ ва аксбардорӣ намуд. Ин нусхаҳо баъдан микрофилм гардида, барои нигаҳдорӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд. Нусхаҳои аслӣ ба соҳибонашон баргардонда шуд.
Чунин аст нукоте чанд дар бораи нусхаҳои хаттии Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати ҷамъоварии ин нусхаҳо дар як маркази ягонаи илмӣ.
Бояд зикр намуд, ки ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ (Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Россия) гарчанде дорои теъдоди ночизи нусхаҳои хаттӣ мебошанд, вале Институти нусхаҳои хаттӣ дар назди Академияи илмҳои ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Умед аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зарурати дар як маркази илмӣ ҷаъоварӣ намудани осори ниёгонамонро таҳлил намуда, хулосаи зарурӣ мебарорад.
Қудратбек ЭЛЧИБЕКОВ, корманди пешбари илмии шуъбаи нигаҳдории дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ