ё чаро сохтмони синфхонаҳо тӯл кашид?
Дер боз дар ин хусус навиштанӣ будам, аммо ҳар дафъа худдорӣ мекардам. Гумон доштам, ки рӯзҳои наздик сохтмони муассисаи таълимӣ идома меёбад. Вале сад афсӯс, ки ин тавр нашуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Восеъ таърихи 86-сола дорад. Дар ин боргоҳи номдор ҳазорон нафар камол ёфта, баҳри ободии кишвари азизамон содиқона хизмат мекунанд. Мутаассифона, бо гузашти солҳо бинои он фарсуда гардид ва ҳоло дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳолати ҳузнангези ин муассисаи таълимиро дида, дили кас ба дард меояд. Қалбаш нидо мекунад, ки роҳбарону шахсони масъул ба куҷо менигаранд? Чаро дили касе намесӯзад?
Ташвишовар аст, ки масъулон қадам «ранҷа» намуданро ба ин даргоҳ ба худ муносиб намебинанд. Чор сол пеш, баъди часпу талоши зиёди омӯзгорон ва шуъбаи маорифи ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лозим донист, ки барои шогирдони ин муассисаи таълимӣ даҳ синфхона созад. Дар оғоз аз ин иқдоми нек шодиву хурсандии шогирдону омӯзгоронро ҳадду канор набуд. Бовар доштем, ки агар кори сохтмончиён ҳамон хел идома ёбад, синфхонаҳо пеш аз муҳлат ба истифода дода мешаванд. Мутаассифона, баъди рехтани таҳкурсӣ ва чидани хишти иморат, ба кори сохтмончиён «чашм расид». Суръати кор якбора қатъ гардид. Баъдтар маълум шуд, ки сабабаш дар набудани маблағу нарасидани масолеҳи сохтмонист.
Аз суҳбат бо Аловиддин Шернаев — сарвари ҶДММ «Ҳасанбегӣ»-и шаҳри Кӯлоб, маълум шуд, ки айб асосан дар набудани маблағ аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар зарфи чор соли сипаригардида зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. Аммо барои бунёд ва ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ камаш ду миллион сомонӣ лозим аст.
Ҳамин тавр, бо сабаби ҷудо нашудани маблағ сохтмон ба ҳоли худ мондааст.
- Мо оид ба ин масъалаи муҳим, — мегӯяд бо дард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сироҷиддин Гурезов, — борҳо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти дигар муроҷиат намудем, аммо чун ҳарвақта бағали моро бо чормағзи пуч пур мекунанду халос…
- Мо, омӯзгорон, ҳайронем, ки дар давоми чор сол, — мегӯяд ташкилотчии мактаб Мустафо Исҳоқӣ, — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даҳ синфхонаро сохта натавонист. Дар давоми чор сол хишти биноро шӯра хӯрдааст. Вале ин ҳама масъулонро заррае ба ташвиш намеорад. Ва дар ин бора касе ҳарф намезанад?
Ногуфта намонад, ки оид ба кашол ёфтани сохтмони синфхонаҳо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва телевизиони «Сафина» мақолаву барномаи танқидӣ нашру пахш намуда буданд, вале мижаи кашолкорон хам нахӯрд.
Шояд баъди чопи ин шикоятнома масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз хоби гарон бедор шаванд?
Раҳими Рафеъзод, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон