Идомаи бунёди 293 иншоот бо харҷи 581 миллион сомонӣ дар ВМКБ
Зимни вохӯрии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшоҳзода бо фаъолони вилоят, ки чанде пеш сурат гирифт, масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ баррасӣ шуд.
- Барои дар сатҳи баланд ва бо омодагии комил гузаронидани ҷашнҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода ҳар як шаҳрванди солимфикри кишварро зарур аст, ки қабл аз ҳама, дар вусъати корҳои ободонии маҳалу деҳа ва шаҳру ноҳияҳо саҳми хешро гузорад, — иброз дошт Абдураҳмон Аламшоҳзода.
Тавре таъкид гардид, дар баробари иду ҷашнҳо, ҳамчунин дар кишвар баргузор намудани як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд бо ширкати сарони давлатҳои ҳамсоя дар назар аст, ки оғози расмии сохтмони лоиҳаи CASA-1000 аз ҷумлаи онҳост.
Дар робита ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ генерал А. Аламшоҳзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, аз сабаби надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ҷавонони зиёд ба ин гурӯҳҳо пайваста, дар давлатҳои Ироқу Сурия бар зидди ҳукуматҳои қонунӣ меҷанганд. Ин ҳама моро водор месозад, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни ин табақа бо ҷалби фаъолони ҷомеа боз ҳам ҷоннок намоем.
Ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳамкорӣ намудан бо сарҳадбонон ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ин самт яке аз масъалаҳои дигари ин мулоқот буд. Таъкид шуд, ки дар байни размандагони гурӯҳҳои ифротии дар мавзеъҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷамъомада шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳастанд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки таҷлили ҷашни 19-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ВМКБ бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ва бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои кӯҳистон таваҷҷуҳи махсус дорад. Идомаи бунёди 293 иншооти хурду бузург бо маблағи умумии 581 миллион сомонӣ дар вилоят гувоҳи ин гуфтаҳост.
Шодихон Ҷамшед дар мавриди гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зикр кард, ки ҳар нафари солимфикри ҷомеа бояд дар ин самт бетараф набошад, зеро масъулияти амнияти кишвар баробари сохторҳои қудратӣ ба зиммаи ҳар кадоми мо низ бор аст. Мо фарзандони ҳамин хоку обем ва бояд Ватан — Модарро аз ҳама гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дорем.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»