16 апрели соли равон дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак-«Чодари хаёл» ифтитоҳ гардид. Он то 22 апрел идома ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи расмӣ аз ҷониби Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстони вилояти Суғд намоишномаи «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк» (муаллиф А. Абдуҷабборов, коргардон-таҳиягар Н. Ахмедова) пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Дар доираи баргузории ҷашнвораи мазкур, ҳамзамон 30 — солагии таъсиси Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва 70 — солагии яке аз асосгузорони театри мазкур — Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зафар Ҷаводов ботантана таҷлил гардид.
Боиси тазаккур аст, ки имсол дар ҷашнвора 13 театр аз ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Саха, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок карданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»