25 апрел ба чопи нахустин шумораи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-иттилоотии «Чархи гардун» 20 сол пур мешавад. Ин ҳафтанома замоне ба майдони матбуот қадам ниҳод, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ давом дошту мардум дар фикри дарёфти нон ва муштоқи тинҷию осудагӣ буданд. Нашри ҳафтанома мардуми аз матбуот дуршударо ба мутолиа баргардонид.
Муассиси нашрия шодравон Акбари Саттор як зумра рӯзноманигорон, аз қабили Нуъмон Низомӣ, Сайёфи Мизроб, Мақсуд Ҳусейн, Ортиқи Қодир ва дигаронро ба ҳафтанома ҷалб намуд. «Чархи гардун» дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат мухлисони зиёд пайдо кард. Рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ Ҳабибулло Ёров, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Равшани Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Барнои Қодирдухт, Ҳотами Ҳомид, Ҷамилаи Мақсуд солҳои гуногун дар ин нашрия фаъолият карданд. Тайи 20 сол 1025 шумораи ҳафтанома ба дасти хонандагон расидааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»