21 апрели соли 2016 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкоро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.
Бинобар ин, мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» КМИР дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ қарор қабул намуд. Тибқи он шаш намоянда бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Гаркун Владимир Гилярович ва 18 намоянда бо роҳбарии Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергеев Алексей Иванович ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар КМИР бо тартиби пешниҳодгардида аккредитатсия шуда, ба онҳо шаҳодатнома супорида мешавад.
Инчунин, КМИР барои фароҳам овардани шароити мусоид бо мақсади иштироки ҳар чӣ бештари шаҳрвандон дар раъйпурсии умумихалқӣ, риояи қонунгузории амалкунанда бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни семинарҳои омӯзишӣ ба номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, ба ғайр аз шиноснома, корти идентификатсионӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳоноти донишҷӯ, ҳамчунин дафтарчаи нафақа, шаҳодатномаҳои иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда) ва шаҳодатномаи маъюбиро дохил кард. Ҳамин тариқ, номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки ба шаҳрвандон барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, ба нуҳ адад расид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»