Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳраки Восеъ маҷмӯаи тозанашри нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи кишвар, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикиситон ба номи А.Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода – «Рӯшноӣ – растагорӣ (Роғун: баҳс ва воқеият)» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ устодону шогирдон, аламкашони ҷавони ноҳия, собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ, табъу нашр, омӯзгорӣон кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Субҳон Раҷаб ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба моҳияти ҷашни фархундаи Истиқлол, саҳми он дар ташаккули рӯзгори иқтисодиву сиёсӣ, ва фарҳангии сокинони кишвар, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиёт беҳбуди рӯзгори мардум, инъикоси ин корномаҳо дар эҷодиёти нависандаи хушсалиқа С.Ҳасанзода ошно сохт. Сипас, директори муассисаи номбаршуда М.Муҳаммадиев, хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор» Ҳ.Ҳамидов, адибон З.Мурод, Р.Тоҳир, С.Одинаев бобати муҳимияти мавзӯи асар суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки мухлисони осори адабӣ, таърихӣ, бадеӣ, публитсистӣ кайҳо тавассути асарҳои ҷолиб чун «Эҳёи када», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Сарбози ҳақиқат», «Чароғи лола» ва филмҳои мустанади зиёди таърихӣ ба эҷодиёти адиби мазкур ошно ҳастанд
Дар асари мазкур азму талоши роҳбарияти Давлату Ҳукумат пайи ҳалли мушкилоти таъмини доимии аҳолӣ бо неруи барқ, бунёди НБО «Роғун», баҳсҳои тӯлонӣ ва бебунёди ҳарифони сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол баррасӣ гаштаанд.
Дар маҳфил аз тарафи хонандагони мактаби мазкур аз асарҳои Садриддин Ҳасанзода саҳнаҳои хотирмону ҷолиб таҳия ва пешниҳоди ҳозирин гардонда шуданд.
Р.ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»