19 майи соли 2016 дар меҳмонхонаи «Серена»- и шаҳри Душанбе бизнес- форуми доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия доир гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи содироткунандагони Туркия ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Зимни ифтитоҳи он муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Авни Аксой суханронӣ карда, иброз доштанд, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои мутақобила ташкил шудааст. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятдор ба ҳисоб меравад. Миёни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкориҳо самарбахшанд.
Ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон паймонкори сохтмони биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард мебошанд. Умуман, муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия имкони густариш ёфтанро доро мебошанд. Имкониятҳои ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургия, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, илму маориф, фарҳанг ва ғайра барои густариши ҳамкориҳои судманд шароити лозима муҳайё мекунад.
Таъкид шуд, ки бо ин ҳама имконот ҳамкориҳои ду кишвар дар самти иқтисодӣ- тиҷоратӣ на чандон рушд ёфтааст.
Дар бизнес- форуми мазкур гуфтушуниди дуҷонибаи доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия доир гардида, ба соҳибкорони турк маводи иттилоотӣ ва СД- Диски «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» тақдим шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»