Ба истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАҲРАКУ ҶАМОАТИ БЕҲТАРИН МАЪЛУМ МЕШАВАНД

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт қарори раиси ноҳия аз 7 марти соли 2016 таҳти №129 «Дар бораи баргузории мусобиқаи ноҳиявӣ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ҷамоати шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ба тасвиб расид. Дар заминаи қарори мазкур комиссияи тадорукотӣ таъсис ёфта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба талаботи мавҷуда озмун баргузор гардид.

Дар озмун шаҳраки Ғарм, ки дар он сохтмони биноҳои маъмурию тиҷоратӣ ва дигар корҳои ободонӣ босуръат идома доранд, ҳамчун «Шаҳраки беҳтарин» дониста шуд. Аз тарафи комиссияи тадорукотӣ Ҷамоати деҳоти Навдӣ  «Ҷамоати беҳтарин» ва деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит «Деҳаи беҳтарин» арзёбӣ гардида, хонаи сокини деҳаи Поҷеи Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода Раҳматшо Шоев «Хонаи беҳтарин» эътироф гардид. Яке аз оилаҳои маърифатпарвар, хонаводаи сокини деҳаи Чашмаи Қозии ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум Ҳоҷӣ Шарифов «оилаи намунавӣ» дониста шуд.

Ба гуфти раиси Комиссияи мусобиқаи ноҳиявӣ бахшида ба 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрат Лоиқова, даври аввали мусобиқа бомуваффақият ҷамъбаст гардида, даври дуюми он идома дорад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»