23 майи соли 2016 доир ба натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушоҳидони хориҷию миллӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар доир ба масъалаи мавриди назар гузориш дод. Зикр шуд, ки 68 ҳавзаи раъйпурсӣ таъсис дода, ба ҳайати онҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар соҳаҳо ҷалб шуд. Барои муташаккилона доир гаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 3239 участкаи раъйпурсӣ ва дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷа 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил гардид.
Дар инъикоси омодагӣ ба он 380 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, ин раванд ва баргузории раъйпурсии умумихалқиро 120 нафар мушоҳиди байналмилалӣ назорат карданд.
Тибқи иттилои номбурда, шумораи умумии шаҳрвандони ба рӯйхат гирифташуда 4.402516 нафарро ташкил медод.
Дар раъйпурсӣ 4.038. 183 нафар (92 фоиз) иштирок намуданд.
Тарафдор 3814477 нафар (94,5 фоиз), муқобил 134171 нафар (3,3 фоиз)- ро ташкил дод. Ҳамрадиф бо ин, иттилоъ дода шуд, ки 89535 адад (2,2 фоиз) бюллетенҳои беэътибор ба қайд гирифта шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»