Шаби 11-ум ба 12-уми майи соли 2016 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, бо омадани сел зиёда аз 1400 хоҷагии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ зарари ҷиддии иқтисодӣ диданд.
Вобаста ба ин Маркази исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо масҷидҳои ҷомеи шаҳрҳои Душанбе, Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав барои зарардидагон кумак маводи хӯрока дар ҳаҷми 14000 сомонӣ ва 60 дона қолину палос кӯмак намуданд.
Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни дидорбинӣ мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуда, қайд кард, ки ин ҳодиса як озмоиш аз ҷониби Худованд аст ва Худованди меҳрубон агар дареро бибандад, ба раҳмати бепоёни худ чанд дари дигаре ба рӯи банда хоҳад кушод. Ӯ таъкид кард, ки ходимони дин дар оянда низ ба мардуми зарардида кӯмак мерасонанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»