НАМОИШГОҲ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОРО ОҒОЗ МЕБАХШАД

№ 31.05.2016

Дар зарфи 24 соли сипаришуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 200 санади байнидавлатию  байниҳукуматӣ имзо шудааст. Соли 2015 гардиши  мол миёни ду кишвар 792,9 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод. Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи тиҷоратию сармоягузории ноҳияи мухтори Нинсяи Ҷумҳурии Халқии Хитой (26 майи соли равон) иброз дошт, ки Тоҷикистону Хитой солҳои  наздик ҳаҷми робитаҳои тиҷоратиро то ба  3 миллиард доллари ИМА расонданианд.

- Тоҷикистон чун кишвари босубот рушдёбанда ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаҳои  гидроэнергетика, коркарди пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот, роҳу пул ва нақбсозӣ, дорусозӣ, саноати химия ва ғайра ниёз дорад. Ин соҳаҳо дар ноҳияи мухтори Нинся рушд ёфтаанд. Боварӣ дорем, ки  намоишгоҳи мазкур барои ошноӣ бо имкониятҳои соҳибкорони Тоҷикистону Хитой мусоидат мекунад, -гуфт Шариф Саид.

Дар доираи намоишгоҳ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Хитой доир гашт.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»