Дар се соли охир теъдоди нусхаҳои хаттӣ дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 2200 то 2576 афзуд. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз аҳолӣ 26 нусхаи хаттӣ ва 13 китоби чопи сангӣ дар мавзӯъҳои гуногун харидорӣ гардид, ки қадимтаринашон китоби «Анвору-т-танзил ва асрору-т-таъвил» -и Носируддин Абулхайр Абдуллоҳ ибни Абулқосим Умар ибни Маҳмуд ибни Абулҳасан Алии Байзовӣ мебошад. Инчунин, аз аввали моҳи апрел то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ аз аҳолӣ 68 нусхаи хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ шуд, ки онҳо дар ҳоли таҳқиқу омӯзиш қарор дошта, рӯзҳои наздик ба комиссияи харидории китоб пешниҳод хоҳанд гашт. Дар баробари ин, 22 гузинаи электронии нусхаҳои хаттии камёбро аз китобхонаҳои хориҷи кишвар ба шуъба ворид намуданд, ки дар оянда барои донишмандону муҳаққиқон кумак хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 1933 дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таъсис ёфт, ки дар гирдоварӣ намудани нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ (литографӣ), амиқ омӯхтан ва ба ихтиёри аҳли илму адаб қарор додани онҳо марҳилаи навро оғоз бахшид.
Р. ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»