Шояд дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иштироки ҳатмии падарон дар чунин маҷлисҳо муқаррар гардад.
Соҳаи маориф на танҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло соҳаи маорифи мамлакат дорои шабакаи рушдёфта ва гуногуншакли муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки то ба ин сатҳ расонидани соҳа кори саҳлу сода набуд. ҷиҳати расидан ба муҳимтарин ҳадафи маорифи давлати соҳибистиқлол, яъне тарбияи шахсияти фаъол ва созанда мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ шурӯъ намуд. Биноан, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои асосии миллии меъёрии ҳуқуқӣ, ки меъёрҳои нави соҳаи маорифро ба танзим медароранд, таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардида, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Ҳамзамон бо ин, стандартҳои нави таълимӣ доир ба таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, китобҳои дарсӣ ва барномаву нақшаҳои таълимӣ дар ҳама зинаи таҳсилот таҳия ва дар амал ҷорӣ гардиданд. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои гуногун ва дигар санадҳои расмиро қабул намудааст, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат хоҳанд кард. Мақсад аз ин ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳсозии вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Овардани далелу арқоми боло ба он хотир аст, ки хонандагони рӯзнома ба густурда будани ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин ҷода муътақид гарданд. Мутаассифона, дар қиболи таваҷҷуҳу ғамхориҳои фавқуззикр муносибати қисмати аъзами падару модарон ба раванди таълиму тарбияи фарзанд «ба ҳар ду пой мелангад». Манзури ман ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба бетафовутии волидон ба давомоти фарзандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Баргузории маҷлиси падару модарон яке аз василаҳои огоҳӣ пайдо намудани волидон аз ҷараёни таҳсил ва хулқу атвори фарзандон маҳсуб мешавад. Хуб дар ёд дорем, ки барои «сурху сафед нашудан» дар чунин маҷлисҳо толибилмон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки давомоташон дар сатҳи хуб ва сифати баланд бошад, зеро дарк мекарданд, ки нигаронии омӯзгорон аз раванди таҳсилот дар чунин маҷлисҳо онҳоро на танҳо дар назди волидон, балки пеши аҳли муассисаи таълимӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеа, сархам мекард. Эътироф бояд кард, ки айни замон чунин маҷлисҳо муҳимият ва махсусияти хешро қариб аз даст дода, ба чорабиниҳои қолабӣ табдил ёфтаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин масъала масъулини муассисаҳои таълимӣ гунаҳкор нестанд, зеро аз ин раванд худро канор гирифтани падару модарон онҳоро водор намудааст, ки мақоли халқии «хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!»-ро сармашқи кор дар ин ҷода қарор диҳанд. Ағлаб вақт маҳз бо ин сабаб чунин чорабиниҳо баробари қолабӣ шудан, ҳамзамон ба ҳамоиши модарон табдил ёфтаанд. Ин аст, ки теъдоди ками падарон, ки то ин вақт ба чунин маҷлисҳо меомаданд, баъд аз «муътақид гардиданашон» бобати он ки иштирок дар ин маҷлисҳо рисолати модарон аст, аз иштироки минбаъда даст кашиданд. Дар натиҷа, ҳоло он пурра ба ҳамоиши модарон табдил ёфтааст.
Банда ба ҳеҷ ваҷҳ саҳми модарон дар тарбияи фарзандро сарфи назар намуданиву мухолифи иштирокашон дар чунин чорабиниҳо нестам. Вале чанд омили дигаре ҳаст, ки манзури бандаро тақвият мебахшанд. Аввалан, ин чорабинӣ маҷлиси падару модарон ном дорад. Аз ин нуктаи назар, бояд ҳам падар ва ҳам модар дар он ширкат намоянд. Сониян, эътироф бояд кард, ки дар ҷомеаи шарқӣ падар дар оила шахси асосии қабулкунандаи қарор маҳсуб мешавад. Биноан, ширкати падарон дар чунин маҷлисҳо аз ҳар лиҳоз муҳиму зарур буда, ба беҳтар шудани давомоти фарзанд такони ҷиддӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ, банда ба он назарам, ки шояд дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иштироки ҳатмиии падарон дар чунин маҷлисҳо муқаррар гардад.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»