ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») Чанде пеш дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо роҳбарияти ширкатҳои консалтингии «NIRAS» — ҷаноби Кристиан Сандберг ва «Svalof» — ҷаноби Руттер Персон доир гардид. Тавре аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳияи лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо «Мустаҳкам намудани рақобатпазирӣ дар Тоҷикистон», ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, изҳори ақида намуданд. Лоиҳаи мазкур охирҳои соли ҷорӣ ва аввали соли оянда ба муҳлати панҷ сол дар ҳаҷми 16 миллион евро дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон