Дуюми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Исроилу Тоҷикистон Шаррен Ҳаскел, узви Парлумони Кнессета Йосиф Йона ва Кармела Шамир, Сафири фавқулода ва мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Шукурҷон Зуҳуров нахуст меҳмононро хайра мақдам гуфт. Сипас, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Исроил дар ҳама самт манфиатдор аст.
Тоҷикону яҳудиён аз лиҳози таърихӣ муштаракоти зиёд доранд. Ин мисол метавонад барои ҳама намунаи олии ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирӣ бошад. Яҳудиён дар ташаккули фарҳангу илми тоҷикон нақши бузург доштанд. Даҳҳо ҳазор яҳудии тоҷикистонӣ имрӯз низ дар Исроил, ИМА, Аврупо мубаллиғони фарҳангу забон ва маънавиёти ду миллати куҳан маҳсуб мешаванд.
Зикр шуд ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил 26 марти 1992 барқарор гардидаанд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳо омода ва ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома дар бораи канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад, Созишнома дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм муҳиму саривақтист.
Ба имзо расонидани чунин созишномаҳо барои созмон додани комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо миёни ду кишвар ва омода намудани созишномаҳои соҳавӣ замина муҳайё менамояд.
Инчунин, даври аввали машварати дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил дар Душанбе моҳи феврали соли 2013 ва январи соли 2016 дар Байтулмуқаддас доир шуда, дурнамои ҳамкориҳо муайян шуданд.
Роҷеъ ба муносибати иқтисодии ду кишвар ибрози андеша намуда, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки он ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Барои ба сатҳи лозима баровардани он мебояд кӯшиш ба харҷ дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироки ҷониби Исроил дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ манфиатдор аст.
Ҳамрадиф ба ин, имкон аст, ки оид ба соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти мева, оби нӯшокӣ ҳамкорӣ розандозӣ шавад. Таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти соҳаи тиб, омӯзиши таҷрибаи Исроил дар соҳаи тиб ва ғайра муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Исроил дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ғайра минбаъд низ густариш мебахшад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Исроил ташаббусҳои Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ мунтазам дастгирӣ кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров оид ба масъалаҳои минтақавӣ ибрози андеша намуда, минҷумла гуфт, ки фаъолшавии гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ дар минтақа мояи нигаронии ҷиддӣ аст.
Дар навбати худ Шаррен Ҳаскел равобити фарҳангӣ миёни Душанбе ва Тел — Авивро барои муаррифии фарҳанг ва тамаддун муҳим шуморида, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам шудани заминаи мукаммали ҳуқуқӣ арзёбӣ кард.
Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар шуд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ