КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА 5731 НАФАР НИЁЗМАНД

№73 (3553) 07.06.2016

Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз машварати корӣ баргузор гардид, ки дар дастрас намудани кумаки яквақтаинаи молиявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниёзмандони вилоят ва омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед иброз намуд, ки бо ибтикору дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ барои ниёзмандони вилоят кумаки молиявӣ ҷудо гардид. Ин ғамхорӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати беҳтар намудани рӯзгори афроди ниёзманд шаҳодат медиҳад. Бо мақсади амалӣ гардондани ин нияти неки Сарвари давлат гурӯҳи корӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо кумаки молиявиро барои ниёзмандон дастрас хоҳанд кард.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иброз дошт, ки соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат барои 8597 нафар ва имсол барои 5731 нафар ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулли то синни 18, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, пирони барҷомонда ва яккаву танҳо, зарардидагони садамаи Неругоҳи атомии «Чернобил» кумаки молиявӣ ҷудо шуд.

Зикр гардид, ки барои ҳар як нафар ҳазор сомонӣ аз номи Пешвои миллат тақдим мешавад.

Номбурда оид ба омодагӣ ба таҷлили солгарди 19-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки гарчанде то ин санаи таърихӣ рӯзҳои ба шумор мондаанд, барои омода намудани шиору овезаҳо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои амалӣ андешида нашудааст. Дар баробари ин, Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дастур дод, то пайваста ҳашарҳои оммавӣ доир намуда, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагии ҳамаҷониба бинанд.

Ш. Шоҳқосимов,

 «Садои  мардум»