ШАҲРИ ВАҲДАТ ИМКОНИЯТҲОИ БУЗУРГИ САНОАТИВУ КИШОВАРЗӢ ДОРАД

№73 (3553) 07.06.2016

Президент дар ПокрудСуханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Корхонаи металлҳои ранга ва Корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» дар шаҳри Ваҳдат

4 июни соли 2016

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми заҳматкаши шаҳри Ваҳдат дар баробари дигар сокинони кишварамон дар тараққиёту пешрафти Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ҷашни мубораки 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Шаҳри Ваҳдат, ки имкониятҳои бузурги саноативу кишоварзӣ дорад, бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи фарзандони бонангу номуси ин гӯшаи диёрамон, бахусус, солҳои охир ба нишондиҳандаҳои истеҳсолии назаррас ноил гардида, дар натиҷа, шароити зиндагии сокинони он торафт беҳтар шуда истодааст.

Тайи ду соли охир дар ҳудуди шаҳр 74 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, хусусан, корхонаҳои бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва тандурустӣ, биноҳои муосири истиқоматӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи ҳадафҳои стратегии муайянгардидаро мунтазам пайгирӣ карда, дар барномаҳои давлатӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҳамаи минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Ваҳдатро пешбинӣ кардааст, ки амалӣ гардидани онҳо тавассути бунёди иншооти нав ва таъсиси инфрасохтори замонавӣ ба тараққиёти минбаъдаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мусоидат менамояд.

Хотиррасон менамоям, ки дар давоми солҳои 2014 — 2015 мо дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат санги асоси як қатор иншооти истеҳсоливу саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангиро гузошта будем, ки то имрӯз чанде аз онҳо ба истифода супорида шудаанд ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ба фаъолият оғоз кардани Корхонаи металлҳои қиматбаҳо ва фабрикаи ғанигардонии маъдан дар шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи иқдомҳои созандае мебошад, ки дар баробари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳамияти назаррас доранд.

Алҳол дар кони Покрӯд 900 нафар мутахассисону коргарони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд ва солҳои оянда вобаста ба афзудани иқтидорҳои истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ин корхона бамаротиб зиёд мегардад.

Умуман, бо мақсади рушди соҳаи саноат дар шаҳри Ваҳдат соли ҷорӣ чор корхонаи саноатӣ бо сармоягузории беш аз 650 миллион сомонӣ бояд ба фаъолият оғоз намояд, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 2000 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ғайр аз ин, тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2016-2017 бояд 6200 нафар сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба иҷрои талаботи барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ ва Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳоло сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, боғи фарҳангу фароғат, ду мактаб барои 2500 нафар хонанда, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва чойхонаи миллӣ босуръат идома доранд ва иншооти зикршуда вақтҳои наздик ба истифода супорида мешаванд.

Дӯстони азиз!

Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бойи табиӣ шинохта шудааст.

Аз ин рӯ, соҳаи саноат, аз ҷумла саноати истихроҷ ва коркарди маъдан яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии мо ба ҳисоб рафта, рушди он, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти афзалиятҳои зиёди табиии кишварамон солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба маблағгузорӣ ва истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла барои гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷу коркарди онҳо зиёд шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст, ки онҳо барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва афзоиши имкониятҳои содиротии кишвар шароити мусоид фароҳам меоранд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар соҳаи саноати маъдани кишвар 23 корхонаи истихроҷу коркард фаъолият дорад.

Солҳои охир дар самти истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ду корхонаи холискории металлҳои қиматбаҳо ва як корхонаи металлургии сурмаву симоб ба фаъолият оғоз карда, бунёди корхонаҳои истеҳсоли сурбу руҳ ва оҳан бомаром идома дорад ва дар ояндаи наздик ба истифода дода хоҳанд шуд.

Тадбирҳои дар зарфи солҳои охир андешидаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам оварданд, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан сол то сол зиёд гардида, имрӯз дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад.

Вале бояд гуфт, ки маҳсулоти корхонаҳои истихроҷи маъдан асосан бе коркарди ниҳоӣ ҳамчун моли нимтайёр ба хориҷи кишвар бароварда мешаванд.

Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати воридоти технологияҳои муосир, ба роҳ мондани коркарди ҳар чӣ бештари ашёи хом ва дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он тадбирҳои иловагӣ андешад.

Корхонаҳои истихроҷу коркард ва холискории металлҳои қиматбаҳо, ки имрӯз дар заминаи захираҳои кони тиллои Покрӯд ба фаъо­лият оғоз намуданд, дар рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва татбиқи амалии барномаҳои соҳавӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат омӯзиши дақиқи захираҳои кони Покрӯд дар солҳои 2004 — 2015 амалӣ гардид.

Дар ин давра геологҳои тоҷик бо ширкати гурӯҳи мутахассисони хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи қариб 400 миллион сомонӣ корҳои заруриро барои ҳисоб кардани захираҳои кон ва ба истихроҷ омода намудани он анҷом доданд.

Корҳо вобаста ба истифодаи саноатии кон аз соли 2012 оғоз гардида, дар ин давра сохтмони 53 километр роҳ, 73 километр хатти баландшидати интиқоли барқ, таъмири 5 пули куҳна ва сохтмони 2 пули нав, корхонаи ғанигардонии маъдан дар минтақаи кон, корхонаи металлургӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дигар иншооти инфрасохтории ба истеҳсолот алоқаманд ба анҷом расонида шуд.

Барои иншооти инфрасохтории корхона аз ҷониби Ҳукумати кишвар зиёда аз 120 гектар замин ҷудо гардида, дар маҷмӯъ барои корхонаҳои навбунёд беш аз 2,3 миллиард сомонӣ (256 миллион доллари амрикоӣ) сармояи мустақим ҷалб шудааст.

Корхонаи ғанигардонии маъдан дар марҳалаи аввал иқтидори коркарди 600 ҳазор тоннаро дар як сол дорад ва зиёда аз 700 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.

Дар марҳалаи дуюм иқтидори он боз 600 ҳазор тонна дар як сол зиёд шуда, 1 ҳазору 700 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Аз фурсати муносиб истифода карда, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон, аз ҷумла сармоягузорони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Мардумии Чин, геологҳо ва дигар мутахассисону коргарон барои дар сатҳи баланди касбӣ муайян кардани захираҳои кон ва дар заминаи онҳо ба истифода додани корхонаҳои коркарди маъдан ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, барои заҳмати пурмаҳсулу софдилона арзи сипос менамоям.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат геолог­ҳо мавзеъҳои дорои захираҳои металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра), металлҳои ранга (мис, волфрам, қалъагӣ, сурб, руҳ), металлҳои сиёҳ (оҳан) ва масолеҳи сохтмон (мармар, сангу шағал, оҳаксанг)-ро пешгӯӣ кардаанд ва умед дорем, ки дар ояндаи наздик бо мавриди истихроҷу коркард қарор додани ин конҳо шаҳри Ваҳдат мисли шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ёвон ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои саноатии мамлакат табдил меёбад.

Ҳоло, тибқи маълумоти геологҳо, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 55 мавзеъҳое ҳастанд, ки дар онҳо оянда, баробари зиёд гардидани иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ корхонаҳои нави саноатӣ бунёд кардан мумкин аст.

 Ҳозирини арҷманд!

Саноат яке аз соҳаҳои асосии шаҳри Ваҳдат маҳсуб ёфта, ҳар чӣ бештар тараққӣ додани он омили асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Бо дастгирии соҳибкорони ватаниву хориҷӣ солҳои охир дар шаҳр 23 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технология­ҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд ва бо дарназардошти ду корхонаи навбунёди имрӯза ҳаҷми умумии маблағи барои онҳо сарфшуда қариб  2 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ин восита 2050 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи солҳои 1997 — 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат 7 баробар афзоиш ёфта, ба 78 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Ба истифода додани Корхонаи истихроҷу коркарди маъдани «Покрӯд» ва бо иқтидори пурра фаъолият кардани Корхонаи сементбарории «Тоҷ-Чайна» имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Ваҳдат дар соли 2016 ба 136 миллион сомонӣ расонида шавад, яъне, қариб ду баробар зиёд гардад.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ оид ба аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар тараққиёти кишвар ибрози назар намуда, доир ба роҳҳои таъмин намудани рушди он супоришҳои мушаххас дода будам.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар кишварамон, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат захираҳои табиӣ хеле зиёданд ва бо риояи меъёрҳои экологӣ ва оқилонаву сарфакорона истифода кардани онҳо имкон медиҳад, ки соҳаи саноати кишвар ба натиҷаҳои бесобиқа ноил гардида, ба пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахшҳои иҷтимоӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз қабили ангишт, масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳои ороишӣ, обҳои табобатӣ ва гиёҳҳои шифобахш пешбинӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, инчунин бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорон иҷрои нақшаҳои тарҳрезишударо таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар таъмини бозорҳои истеъмолии пойтахт бо сабзавот ва меваи тару тоза саҳми назаррас доранд.

Танҳо дар соли 2015 кишоварзони шаҳр ба маблағи 650 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2000-ум 34 баробар зиёд мебошад, вале ин ниҳояти имконоти кишоварзон нест.

Аз ин лиҳоз, масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, ҷамъоварии пурраи ҳосили барвақтӣ ва кишти такрории зироатҳо, хусусан, дар шароити имрӯза, ки бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ талабот ба маводи ғизоӣ дар тамоми ҷаҳон торафт зиёд мегардад ва дар баробари ин, вобаста ба гармшавии иқлими сайёра ва хушксолӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо офатҳои табиӣ зуд-зуд такрор шуда истодаанд, бисёр муҳим мебошад.

Дар ин росто, бояд фаъолияти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ, инчунин коркарди маҳсулоти чорво самаранок ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Мавзеи Ромит яке аз гӯшаҳои бисёр зебоманзари кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақаи истироҳат ва сайёҳӣ эълон гардидааст.

То имрӯз дар ин самт як силсила тадбирҳо амалӣ шуда, қисме аз истироҳатгоҳҳо навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Вале дар ин самт ҳанӯз норасоиву мушкилоти зиёд ҷой дошта, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамоянд.

Муҳайё кардани шароити муосир ва истифодаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла табиати зебову обҳои шифобахши дараи Ромит воситаи муҳими ҷалби сайёҳону меҳмонон ба кишвар, муаррифии табиати зебо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтар шудани шароити зисти аҳолӣ мебошад.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти дахлдор якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки монеаву масъалаҳои мавҷударо ҳаллу фасл намуда, бо истифода аз неруи созандаи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳандозии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсиси инфрасохтори муосири сайёҳӣ, яъне, бунёди осоишгоҳу меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасониро дар ин минтақа ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ вусъат бахшанд ва доир ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон чораҳои муассир андешанд.

Борҳо изҳор намудаам, ки Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани чораҳо дар самти рушди иқтисодиёт ва афзоиши имкониятҳои молиявӣ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии аҳолӣ тадбирҳои самарабахшро амалӣ менамояд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои бузурги солҳои охир ба фаъолият оғознамуда ба хеле обод гардидани шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин имконият медиҳад.

Ин ҷо таҷрибаи хуби як қатор корхонаҳои мамлакатро мисол овардан бамаврид аст, ки дар баробари сохта, ба истифода додани корхонаҳои бузург дар наздикии онҳо шаҳракҳои коргарон бо тамоми инфрасохтори иҷтимоӣ, аз қабили мактабу беморхона ва муассисаҳои фарҳангиву хизматрасонӣ низ сохта, ба истифода супорида шудаанд. Масалан, шаҳраки Суғдиён барои азхудкунии конҳои тиллои Тарору Ҷилави шаҳри Панҷакент ва шаҳраки Сарвода барои азхудкунии кони сурмаю симоби Ҷиҷикрути ноҳияи Айнӣ сохта шудаанд.

Бо овардани ин мисолҳо таъкид намуданиам, ки соҳибкорону сармоя­гузорон дар баробари рушди истеҳсолот ба бунёди биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангиву фароғатӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд.

Ҳамватанони азиз!

Вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва дигар мушкилоти ба он алоқаманд, бахусус, торафт афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири номатлуби онҳо ба ҷомеа, дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, аз ҳар фарди бонангу номус беш аз ҳар вақти дигар садоқат ба халқу Ватан ва ҳушёриву зиракиро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд.

Таъкид менамоям, ки ин қарзи фарзандиву шаҳрвандии ҳар яки мову шумо нисбат ба обу хоки муқаддас ва сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Дар ин самт, тавре ки борҳо таъкид кардаам, ҳамкориву ҳамбастагии сохтору мақомоти давлатӣ бо аҳли ҷомеа, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷуда, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, дастгириву ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат вазифаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, соҳибкорону тоҷирон, аҳли маориф, падару модарон ва зиёиён мебошад.

Инчунин, робитаи доимӣ миёни мактаб, оила ва ҷомеа роҳи асосии таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирӣ кардани таъсири ҳама гуна афкору андешаи бегона ба зеҳну шуури наврасону ҷавонон ба шумор меравад.

Дар ин ҷода, зарур аст, ки доир ба роҳнамоиву ҳидоят кардани наврасону ҷавонон ба роҳи дуруст, омӯзиши донишу маърифат ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи неруи солиму созандаи ҷомеа пайваста чораҷӯӣ карда шавад.

Мо вазифадорем, ки ҳамеша шук­ронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо орем, неъмати бузурги Истиқлолият, суботу оромӣ ва Ваҳдати миллиро ҳифз кунем, муттаҳиду сарҷамъ бошем ва манфиатҳои давлату миллатро бо ҳушёриву зиракӣ ҳимоя намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва баору номуси шаҳри Ваҳдат минбаъд низ бо заҳмати содиқонаву созандаи худ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон, сазовор истиқбол гирифтани солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни бузурги 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва афзун намудани иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзанда гузошта, собит месозанд, ки шаҳри Ваҳдат воқеан макони ваҳдату сарҷамъӣ, суботу оромӣ мебошад ва ояндаи ободу осуда дорад.

Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони заҳматқарин ва боҳиммати шаҳри Ваҳдатро ба муносибати ифтитоҳи корхонаҳои азими саноатӣ ва ба ифтихори ҷашнҳои дарпешистода, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бисту панҷсолагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!