ТЕННИС ДАР ТОҶИКИСТОН РУШД МЕЁБАД

№ 09.06.2016

Шашуми июни соли равон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти котиби генералии КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев бо корманди шуъбаи байналмилалии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Амир Боргҳей баргузор шуд.

-Ба рушди бозии теннис дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, ҳамасола дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷҷикистон барпо мегардад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ бозомӯзии мураббиёни теннисро ба нақша гирифта, соли 2017 дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии теннис ният дорем, ки марҳилаи муқаддамотӣ ва минтақавии Чемпионати ҷаҳон оид ба теннис барои Ҷоми Девисро дар Тоҷикистон баргузор намоем, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»