Рафтааст аз назару лек зи дилҳо наравад

НАКҲАТИ БАҲОРИСТОНИ САНЪАТ

№75 (3555) 10.06.2016

Офтобе, ки тулӯъ мекунаду бо нураш оламро мунаввар, ғуруб низ дорад. Ин мафҳум дар ифодаи шоир ба ҳикмат табдил ёфтааст: — «Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест, гар зиндагист, дида ба дидор мерасад».

Оре, умр боқӣ бошад, кас дамидани субҳи хуршедии дигарро мебинад. Вале хуршеди умр, ки ба ғуруб рафт, касе умеди тулӯи хуршедии онро намекунад….

Хуршеди зиндагии Нигина Рауфова, ки халқ «Булбули Тоҷикистон»  унвонаш дода буд, 21 декабри соли 2010 ба ғуруб рафт. Баҳори шашум аст, ки ӯ байни мо нест. Соли шашум аст, ки маҳфилҳои фарҳангии кишвар бе ӯ  мегузаранд. Шаш сол мешавад, ки қомати мавзуну овози ӯро дар ансамбли «Дарё» намебинему намешунавем. Сад ҳайф.

Вале  басо хуш аст, ки номаш дар китоби санъати сарояндагии Тоҷикистон абадан сабт гардиду волотар аз ҳама, меҳраш дар дили ҳазорон мухлиси садояш боқӣ монд.

Ҳофизон, умуман санъаткорон, бо ягон сифати фарқкунанда мухлисони худро пайдо мекунанд: яке бо садои гӯшнавозу марғубу тароватноку дилнишин, дигаре бо лаҳни хушу тарзи ифода, яке бо санъати баланди саҳнаороӣ, дигаре бо оҳанги гуворою шево, яке бо навои ҷаззобу дигаре бо пешниҳоди матни пурмаънию рӯҳбахш. Ҳамаи ин дар сурате муяссар мегардад, ки санъаткор нисбат ба худ серталаб бошаду масъулиятпазир, самимӣ сарояду шунавандаашро қонеъ карда тавонад.  Илова бар ин, Ватанро, обу хоку ҳавои диёрро содиқона  дӯст дорад.

Дар сурудҳои Нигина Рауфова ҳамин омилҳо фаровонанд. Боварам комил аст, ки сурудҳои Зафар Нозимов, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Нигина Рауфова, Дӯстмурод Алиев, Ҷӯрабек Муродов, Саидқул Билолов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Файзалӣ Ҳасанов, Муқаддас Набиева, Кароматулло Қурбонов садсолаҳо садо медиҳанд, фиттаи овозашон аз насл ба насл мегузарад, тавре ки «Шашмақом» то ба рӯзҳои мо расида, минбаъд ҳам такмил меёбад. Бубинед, аз марги Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев чоряк аср гузашта бошад ҳам, ҳар сол дар рӯзи таваллуди ӯ — 19 апрел, дар зодгоҳаш Файзобод консерти ёдбуд баргузор мегардад. Яке аз муассисаҳои фарҳангии Файзобод – мактаби санъат ба номи ӯ гузошта шудааст. Соли 2015 яке аз ҷамоатҳои калонтарини деҳоти Файзобод номи Дӯстмурод Алиевро гирифт. Радиои «Фарҳанг»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гиромидошти ҳофизони зиндаёд Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов ва Дӯстмурод Алиев таҳти унвони «Пайрав» консерт-озмун ташкил намуд.

Мардуми Файзобод ному кори Нигина Рауфоваро низ ҷовидон гиромӣ медоранд. Далел ин аст, ки ду муассисаи фарҳангӣ – филармонияи халқии ноҳия ва Хонаи фарҳанги деҳоти «Меҳробод» ба номи ӯ гузошта шудааст.

Дар Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷое, ки Нигина Рауфова беш аз 34 соли ҳаёташро сарфи заҳмати эҷодӣ кард, онҳое, ки ҳамкораш буданду  ҳамнишину ҳамсуҳбаташ, сифат мекунанду аз бармаҳал рафтанаш афсӯс мехӯранд. Муҳаррама Шарифова, шогирди Нигина Рауфова мегӯяд: «Хаёл мекунам, ҳеҷ кас чун ман апаро дӯст намедорад».

Муҳаррама бо ихлосу садоқати бемисл нақл мекунад, ки аз хурдӣ мухлиси овози Нигина Рауфова буд. Ҳамин меҳр ӯро ба олами санъат овард ва ба шогирдии ӯ мушарраф гардонд. Маҳз пайравӣ ба ин ҳофиз Муҳаррамаро соҳиби унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон кард.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова аз Нигина Рауфова ёдҳои ширин дорад. «Нигина инсони нотакрор буд. ӯ бо содагиаш, либоспӯшиаш, сухангӯиаш, муносибаташ бо одамон фарқ мекард, ҳалиму меҳрубон буд. Ҳузури ӯ маҳфилҳову нишастҳои ҳамкоронро шукӯҳ мебахшид, гарму равшан мекард». Ба қавли шоир Бобо Ҳоҷӣ, «ҳар ҷое, ки ӯ буд, ғам набуд, ғайбат набуд, ханда буд, шодӣ буд ва «бишкан-бишкан» буд. Нигинаҷон намемонд, ки мо лаҳзае зиқ шавем, агар ғаме дошта бошем, бо гапҳои ширин онро аз дили мо дур мекард».

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Лола Азизова қадри ӯро ба қадри модари хеш баробар медонад. «Апаи Нигина модарвор моро насиҳат медод. Боре нашунидам, ки апаи Нигина ба касе айб монда бошад. Кӯшиш мекардем дар рафтору муносибат ба ӯ баробар шавем. Апаи Нигина аз ҳама пеш ба кор меомад. Моро ҳам талқин мекард, ки интизоми кориро риоя кунем».

Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Нигина Рауфоваро ҳамчун одами самимӣ, сифатҳояш ба худаш зебанда шинохтааст. «Одамон бо якдигар қаҳрӣ карда, кина мегиранд, апаи Нигина кӯшиш мекард,  қаҳриҳо оштӣ ва кина аз дилҳо дур шаванд. Худаш, ки шахси самимӣ буд, насиҳаташ таъсир дошт».

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ устодони саҳна Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Дӯстмурод Алиев ва Нигина Рауфоваро «шохаҳои тавонои санъати тоҷик» меномад…

Зиндагию фаъолияти Нигина Рауфова ибратомӯз аст. Шерамон — зодгоҳи ӯ дар муқоиса бо дигар деҳаҳои Файзобод сернуфус нест. Ин деҳа дар канори ягона дарёчаи ин диёр – Элок воқеъ гардидааст. Дар баҳору тобистон насими Элок хеле форам вазида, ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад. Номбурда дар ҳамин муҳити дилпазир ба дунё омад, аммо хеле барвақт аз модар маҳрум гардида, азоби ятимӣ кашид. Аз чордаҳсолагӣ, соли 1959, баъди хатми синфи 7, фаъолияти эҷодияш аз маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳамзамон, дар мактаби коргарҷавонони назди ҳамин муассиса маълумоти миёна гирифт. Аз ҳамин ҷо ба осмони санъати касбии Тоҷикистон  парвоз намуд. Нигинаро соли 1971 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват намуданд. Он ҷо ба сифати сароянда чор сол кор кард. Як сол сарояндаи ансамбли «Гулшан» буд. Истеъдоди баланд ӯро соли 1976 ба бонуфузтарин дастаҳои ҳунарӣ — аввал ба ансамбли мақомхонон, баъдан ба Ансамбли «Дарё»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон овард.

Нигина Рауфова тараннумгари фарҳанги миллӣ буд. Сароиданашро зиёӣ ҳам меписандиду деҳқони барзгар ҳам. Овозаш ӯро машҳури олам карду ба унвону инъомҳои давлатӣ сазовор гардонид.

Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон