Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

«ПАРВАРИШИ АНГОРӢ КАЙ БА РОҲ МОНДА ШУД?»

№75 (3555) 10.06.2016

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Тиллои Некқадамро зери сарлавҳаи «Парвариши ангорӣ кай ба роҳ монда шуд?» мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Дар соҳаи чорводорӣ баробари истеҳсоли гӯшту шир, инчунин коркарду истифодабарии пӯст ва пашм маҳсулоти бузҳои ангорӣ ҳамчун ашёи хом барои саноати сабук, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, таъмини занон бо ҷои кор мавқеи муҳим дорад.

Дар мақола муаллиф оид ба таърихи зиёдшавии саршумор ва паҳншавии бузҳои зоти ангорӣ дар як қатор мамлакатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Туркия маълумоти муфассал дарҷ намудааст. Хусусиятҳои мутобиқшавӣ ва нишондиҳандаҳои маҳсулнокии ин зоти бузҳо хеле дақиқкорона таҳлил шудаанд.

Дар ҳақиқат, афзоиш ва парвариши бузҳои зоти ангорӣ ва серпашми тоҷикӣ, ки дорои пашми маҳину ҷилоноки баландсифат ва гӯшти болаззат низ мебошанд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ хеле муфид аст. Хушбахтона, солҳои охир бо кӯшишу ғайрати олимону мутахассисони ватанӣ барои такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ин бузҳо ва зиёд намудани саршумори онҳо диққати махсус зоҳир мегардад. Тӯли зиёда аз 20 сол (1981-2004), аз ҷониби олимони филиали дар вилояти Суғдбудаи Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ихтироъ гардид, ки ҳамчун дастоварди назарраси селексионӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 3/2 аз 27 июли соли 2004 тасдиқ шудааст.

Саршумори бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии вилояти Суғд то 1 майи соли 2016 бо ҳисоби насли гирифташуда 33 ҳазору 420 сарро ташкил медиҳад.

Айни замон корҳои селексионию зотпарварӣ аз ҷониби олимони филиали муассисаи номбурда дар самти бунёди рамаҳои селексионии пашмашон ранга (рангҳои сиёҳ, хокистарӣ, зарду кабудчатоб, қирмизӣ ва ғайраҳо) бурда мешаванд. Бо ин мақсад олимон аз бузҳои ангории аз ИМА (штати Техас) соли 2011 воридгардида истифода намуданд.

Ба ақидаи олимон, бартарии пашмҳои рангаи бузҳои зоти серпашм (ангорӣ) дар он аст, ки онҳо хусусияти устуворӣ дошта, зимни коркарду ресидан камхарҷ, барои тайёр намудани маҳсулот (матоъ, қолину каллапӯшҳо ва нимтанаҳои занонаю мардона, рӯймолу ҷӯробҳо ва ғайраҳо) хеле мувофиқанд.

Бо кӯшишу заҳматҳои олимон соли 2011 сифати пашми бузҳои зоти ватанӣ дар яке аз озмоишгоҳҳои мақоми байналмилалидоштаи Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди санҷиш қарор гирифта, сазовори баҳои баланд шуд. Дар баробари ин, намунаҳои маҳсулот ва риштаи пашми бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ дар бозори ҷаҳонӣ борҳо муаррифӣ шудаанд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Садои мардум» изҳори қаноатмандӣ намуда, умед дорад, ки парвариши бузҳои серпашми тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун соҳаи сердаромад дар солҳои минбаъда низ рушд ва барои таҳкимбахшии иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Н. Мусоев, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон