дар акси ҳол фурӯшанда ва харидори он метавонанд субъекти ҷиноят бошанд
Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар бахши муомилот бо асъори хориҷӣ ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуд. Хабарнигорамон бо раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад атрофи ин масъала суҳбат намуд.
- Дар кадом маврид муомилот бо асъори хориҷӣ ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад?
- Муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба танзим дароварда шудаанд.
Моддаҳои 9 ва 10- уми қонуни мазкур муқаррар мекунанд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар ҷумҳурӣ бояд тавассути бонкҳо ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом диҳанд. Аз ҷониби шахсони воқеӣ — резидентҳо ва ғайрирезидентҳо аз Тоҷикистон баровардани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта бояд бо риояи қатъии муқаррароте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук пешбинӣ намудаанд, анҷом дода шавад.
Шахсони зикршуда ҳуқуқ доранд асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфтаро, ки қаблан ба ҷумҳурӣ ворид, интиқол ё ирсол шудаанд, бо риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи дар декларатсияи гумрукӣ ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ворид, интиқол ё ирсоли онҳо нишондодашуда аз Тоҷикистон бароранд.
Риоя нагардидани муқаррароти зикргардида ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ ғайриқонунӣ буда, вобаста аз дараҷаи хавфнокии он ба ҷамъият, кирдор ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят баҳодиҳӣ мешавад.
- Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир кардани баъзе ҷиноятҳо ҷазоҳои маҳрум намудан аз озодӣ ва ҷарима пешбинӣ шудаанд. Кадом амалҳои ғайриқонунӣ вобаста ба муомилоти асъори хориҷӣ боиси татбиқи намудҳои зикргардидаи ҷазо мегарданд?
- Мутобиқи моддаҳои 47, 48, 49, 57 ва 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ намудҳои ҷазо барои ҷиноят мебошанд. Маҳрум сохтан аз озодӣ танҳо ба сифати ҷазои асосӣ, ҷарима ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ карда мешавад.
Бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ аз 14 майи соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд. Илова ба банди а) қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ имконият медиҳад, ки чун дигар ҷиноятҳо, ҳангоми додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, яъне содир кардани ҷинояти дар моддаи 286 Кодекси мазкур пешбинишуда низ маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷинояти мазкур ба дастоварда шудаанд ё предмети контрабанда (қочоқ) мебошанд, даромади аз онҳо ба даст овардашуда мусодира шаванд.
Ҷазо барои содир кардани ҷинояти дар моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда низ пурзӯр гардонида шуд. Барои ғайриқонунӣ харидан, фурӯхтан, иваз намудан ва истифодаи асъори хориҷӣ ба сифати дигар воситаҳои пардохт, яъне муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, агар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол пешбинӣ шуд.
Барои ҳамин кирдорҳо, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳафсаду сӣ то ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то шаш сол муқаррар гардид.
Такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё ба миқдори калон содир кардани кирдорҳои зикргардида ҳолатҳои вазнинкунандаи содиркунии ҷиноят баҳодиҳӣ гардида, барои онҳо, ҷарима ба андозаи аз ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то ҳазору шашсаду чилу ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то нуҳ сол муқаррар шуд.
Ёдовар мешавам, ки қонуни мазкур 20 майи соли 2016 мавриди амал қарор гирифт.
- Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ барои чунин амали ғайриқонунӣ муҷозот пешбинӣ гардид. Тағйирот ба кадом моддаи Кодекси номбурда дахл дорад ва андозаи ҷарима ба чанд нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар шуд?
- Ба моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пешбинӣ мекунад, тағйироти дахлдор ворид шуд. Барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш, иваз, истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷазо дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид.
- Дар робита ба тағйироту иловаҳои зикргардида ба қонунгузории мамлакат дар самти батанзимдарории мубодилаи асъор чӣ чораҳо андешида шуданд?
- Бояд қайд намуд, ки то ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани лоиҳаи қонунҳои зикргардида бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар самти батанзимдарории мубодилаи асъор дар кишвар кори зиёд анҷом шуд.
Дар натиҷаи санҷишҳои дастҷамъона бо мақомоти прокуратура, дигар сохтори назоратӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти зиёда аз 800 нуқтаи шахсии мубодилаи асъор қатъ гардид. Имрӯз фаъолияти мазкур аз ҷониби 113 бонку ташкилоти қарзӣ, 436 филиал, 1226 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 736 нуқтаи интиқоли маблағҳо анҷом дода мешавад. Яъне, шумораи субъектоне, ки дар мувофиқа бо қонунгузории мамлакат мубодилаи асъорро анҷом медиҳанд, се баробар зиёд шуда, ба 2511 адад расид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»