Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанде пеш дар ноҳияи Рашт барои мутахассисони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт машғулиятҳои сайёри шашрӯзаи такмили ихтисос дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш мутахассисон ҳамзамон оид ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои хешро иброз доштанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»