14 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки муҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрванди кишвар гардид, бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам.
Мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Америка ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем».