Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Галия Рабиева аз 30 апрел то 10 майи соли 2013 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 апрели соли 2013 садо дода буд, мулоқотҳо баргузор намуд.
Аз ҷумла рӯзи 4 май дар Қасри фарҳанги ноҳия бо аҳолии шаҳраки «Сомониён» чунин вохӯрӣ доир гардид. Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мавҷуда Бобоева ва раиси Ҷамоати шаҳраки «Сомониён» Муродбек Бобиев атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ, беҳбуд бахшидани вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, мавқеи зан дар ҷомеа ва ғайра сухан ронда, зикр карданд, ки дар ин робита шумо метавонед аз Паёми имсолаи Сарвари давлат маълумоти муфассалтар пайдо намоед.
Сипас, Галия Рабиева муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳозирин тавзеҳ дод. Мавсуф зикр намуд, ки соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шуд, ки барои татбиқи он 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад аз буҷети ҷумҳурӣ боз 12 миллиард сомонии дигар низ илова карда мешавад. Ин рақамҳо шоҳиди зина ба зина боло рафтани нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи мамлакатанд. Агар афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро дар ҳафт соли охир аз назар гузаронем, рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳуриро ба хубӣ дарк менамоем. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, ки соли 2006-ум 9,3 миллиард сомониро ташкил менамуд, соли 2012 ба 36,2 миллиард сомонӣ расид, яъне, дар муқоиса 3,4 баробар зиёд гардид. Маоши миёна дар Тоҷикистон панҷуним баробар афзоиш ёфт. Дар робита ба афзоиши ҳаҷми буҷети ҷумҳурӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ инкишоф ёфт. Соли 2013 зиёда аз нисфи буҷети давлатӣ ё худ 6,4 миллиард сомонӣ ба ин самт равона гардидааст. Ин ҳама имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз коҳиш ёфта, вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардид. Бояд гуфт ки давоми ҳафт соли охир андозаи нафақа чоруним баробар афзудааст. Танҳо дар соли 2012 маоши кормандони муассисаҳои таълимӣ-томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, тандурустӣ 40, илм ва фарҳанг 30, стипендия 50 фоиз зиёд карда шудааст.
Галия Рабиева ҳамчунин оид ба суръати афзоиши солонаи иқтисодӣ, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (имрӯз ва оянда) беҳдошти саломатии аҳолӣ, аз якуми сентябри соли ҷорӣ зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешгирӣ аз болоравии сатҳи таваррум, узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, сиёсати пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои маориф, тиб, фарҳанг, энергетика, саноат, сохтмон (таъсиси корхонаҳо, ҷойҳои нави корӣ), хоҷагии қишлоқ, хизматрасонии коммуналӣ ва ғайра бо овардани далелу рақамҳои мушаххас ҳарф зад. Бартариятҳои Кодекси нави андоз ва имтиёзҳои барои соҳибкорон дар он пешбинишударо шарҳ дод. Доир ба сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳояшро иброз дошт.
Ҳамин гуна вохӯрию мулоқотҳоро Галия Рабиева ба интихобкунандагон дар деҳоти «Султонобод» ва «Эсанбой» низ баргузор намуд.
Зимни мулоқотҳо интихобкунандагон дар доираи Паём саволу ҷавоб намуда, ҷиҳати ҳалли як қатор мушкилоти мавҷудаи деҳоташон ба вакили Маҷлиси намояндагон муроҷиат карданд. Аз ҷумла омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 И.Мирзоев оид ба ҷудо намудани квота барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявии мактаббачагон, сардухтури Маркази саломатии деҳоти «Эсанбой» М.Мамадраҳимов оид ба таъмини муассисаашон бо мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» (вобаста ба қабули ҷавонон ба мактабҳои олӣ танҳо баъд аз адои хизмати ҳарбӣ, ташкили хизмати алтернативӣ ва шартномавӣ, гузаштан ба муҳлати яксолаи хизмат, пардохтани маблағи муайян ба буҷет ба ивази хизмати ҳарбӣ) пешниҳодҳо намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Х.Суфиев таклиф кард, ки дар гузоришҳои рӯзномаи «Садои мардум» аз ҷаласаҳои Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубияти вакилон ба фраксияҳо ё ҳизбҳо зикр карда шавад. Мардум бояд донад, ки кадом ҳизб то чӣ андоза фаъол аст.
Инчунин, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 С.Давлатов ва раиси маҳаллаи Марғзори деҳоти «Эсанбой» М.Мирзоев дар хусуси вазъи ногувори мактаби маҳаллаашон ва ба ҷойи он сохтани мактаби нав, сардори қисми ҳарбӣ А.Мириддинов доир ба гузарондани хати об то мавқеи қисмашон ба Галия Рабиева муроҷиат карданд. Масъалаи тақсимот ва ба иҷора додани замин низ аз масъалаҳои асосии гуфтугузори интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагон буд.
Муовини якуми раиси ноҳия М.Наимов, ки дар ин вохӯриҳо Галия Рабиеваро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба тақсимоти замин ва гузаронидани хати обро ба қисми ҳарбӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба уҳда мегирад.
Аз вохӯриҳо ва суҳбатҳои инфиродӣ маълум гашт, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бо рӯҳбаландӣ ҳамчун нақшаи амали кори хеш қабул намудаанд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»