Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода имрӯзҳо бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошта, бо занону духтарон мулоқоту суҳбатҳо гузаронда истодааст. Ӯ зимни мулоқот бо занону духтарони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба дастгирию ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон, одобу ахлоқ, солимии занону духтарон ва муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори андеша намуд.
Зимни вохӯриҳо занону духтарон атрофи мушкилот ва муаммоҳои мавҷуда сухан ронданд.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»