Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мувозинати экологӣ пешбурди истеҳсолоти кишоварзиро танзим менамояд

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

DSC_1607

15 майи  соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Сафаров Зайниддин»

2. Дар хусуси Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Саиди Ёқубзод»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитстон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳақдодов М.М.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб  намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Масъалаи аввали рӯзнома «Оид ба лоиҳаи  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Сафаров Зайниддин»  мебошад.

1Тавре шумо огоҳӣ доред, рӯзи 5 майи соли 2013 интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39  баргузор гардид, ки дар он се нафар ба сифати номзад ба вакилии  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар натиҷа,  Сафаров Зайниддин (аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон) бо гирифтани 73,2 фоизи овозҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ҷаласаи Комиссияи  марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 майи соли 2013 натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати вакили аз нав интихобшудаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Зайниддин вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ваколати ӯ тасдиқ гардид.

Ҳамин тариқ, Сафаров Зайниддинро ба муносибати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш  табрик  менамоем.

Аз рӯйи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар хусуси Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

2Абдуҷаббор ШИРИНОВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) буда, дар тасдиқ ва тасвиби ҳар як Тасҳеҳот дар Созишномаи таъсиси БАТР ширкат менамояд.

Сари вақт иҷро гардидани уҳдадориҳои дар назди бонк дошта, ба Тоҷикистон дар баланд шудани обрую эътибор ва ҷалби маблағҳои бонки мазкур ба лоиҳаҳои гуногуни бахши соҳибкории хурду миёна, ки бевосита дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд, таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Мутобиқи муқаррароти БАТР, пас аз гирифтани розигии расмии кишварҳои аъзо ба моддаҳои 1 ва 18 Созишномаи таъсиси БАТР Тасҳеҳот ворид карда мешавад. Ворид намудани Тасҳеҳот мутобиқи моддаи 56 Созишномаи таъсиси БАТР сурат гирифта, шартҳои созишномаи байналмилалиро тағйир медиҳад.

Дар баробари ворид гардидани Тасҳеҳот ба моддаи 1 Созишномаи таъсиси БАТР, бонк ҳуқуқ пайдо менамояд, ки фаъолияти хешро дар кишварҳои Ҷанубу Шарқи баҳри Миёназамин низ густариш диҳад.

Дар навбати худ, пас аз воридшавии Тасҳеҳот ба моддаи 18 Созишномаи таъсиси бонк ба он имконият дода мешавад, ки амалиёти махсуси молиявиро дар кишварҳои аъзои бонк, ки гирандагони эҳтимолии маблағҳо нестанду бо қарори Шӯрои мудирон ба ин кишварҳо статуси «гирандагони эҳтимолии маблағҳо» дода шудааст, дар доираи муҳлат ва шартҳои муайяннамудаи Шӯрои мудирон иҷро намояд.

Ба манфиати тақвияти ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону БАТР эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Тасҳеҳот ба моддаҳои 1 ва 18 Созишнома оид ба таъсиси БАТР тасдиқ карда шавад.

РАИС:  -Аз руйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

3Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки 30 сентябри соли 2011 қабул шудааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2013 таҳти №1829 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мақсади Тасҳеҳоти мазкур аз он иборат аст, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар пешрафту таҷдиди иқтисодӣ саҳмгузорӣ карда, ба иқтисодиёти озоди бозорӣ, инчунин рушди ташаббусҳои инфиродӣ ва соҳибкорӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, ки тарафдори татбиқи амалии демократияи бисёрҳизбӣ, озодандешӣ ва иқтисоди бозаргонӣ мебошанд, мусоидат намояд.

Бинобар тағйир ёфтани шартҳои созишномаи байналмилалӣ бо ворид гардидани Тасҳеҳот ба моддаҳои 1 ва 18 Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд зарур мешуморад, ки Тасҳеҳоти мазкур аз ҷониби парлумонҳои кишварҳои аъзо ба тасвиб расонида шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Тасҳеҳоти зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 24 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон Тасҳеҳоти пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки 30 сентябри соли 2011 қабул гардидаанд, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Тасҳеҳот ба Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

4Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров, Маҳмадамин Ҳисориев ва Рустам Латипов пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо мақсади мусоидат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти экологию озуқаворӣ таҳия шудааст.

Сол аз сол таваҷҷуҳ ба масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бе халалдор намудани мувозинати экологӣ, меафзояд. Низоми биологии пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ на танҳо даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералии синтетикӣ ва пестисидҳо мебошад, балки он батадриҷ коҳиш додани истифодаи воситаҳои химиконӣ ва гузаштан ба хоҷагидорӣ тавассути татбиқи чораҳои алтернативии агрономиро дар назар дорад.

Ғайр аз ин, риояи тавозуни экологӣ дар раванди истеҳсолоти кишоварзӣ мақсади асосии хоҷагидории биологӣ ва ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ки талабот ба он дар ҷаҳони имрӯза сол аз сол меафзояд. Зиёда аз ин яке аз ҳадафҳои ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати рақобатпазир намудани маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо буда, лоиҳаи қонуни мазкур ба ин мақсад мувофиқ мебошад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба муқаррароти қонунгузории  соҳаи аграрӣ ва экологӣ мувофиқ буда, меъёрҳои он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи амнияти биологӣ», «Дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мутобиқ карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 ноябри соли 2012 таҳти №1532 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок ва хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро дар асоси таклифу пешниҳодҳои воридгардида такмил дод.

Дар натиҷаи баррасӣ аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 253 таклифу пешниҳод оид ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид гашт. Аксарияти таклифу пешниҳодҳои ба кумитаи масъул пешниҳодшуда ба таҳрири матни лоиҳа дахл дошт. Як қисми пешниҳодҳо  ихтисор намудани модда ва мафҳумҳоро дар бар мегиранд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, ки баъзе моддаҳои дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ва ғайраҳо дарҷ гардидаанд, ки дар омӯхтани лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳисоб гирифта шаванд.

Кумитаи масъул 24 апрел дар  ҷаласаи худ ва 25 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои   Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлилҳо матни лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти  таклифу пешниҳодҳо, такмил дода, аз 6 бобу 21 моддаи пешниҳодгардида ба 5 бобу 15 модда оварда шуд.

Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, бо назардошти эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ғаффорова Назира Абдуллоевна  боз ҳам суфтаю равон гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Қосим Раҳбарович дода мешавад.

5Қосим ҚОСИМОВ: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Сол аз сол таваҷҷуҳ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бе халалдор намудани вазъи экологӣ, рӯ ба афзоиш овардааст.

Тарзи пешбурди биологии истеҳсолоти кишоварзӣ ин на танҳо даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералӣ ва пеститсидҳо, балки тадриҷан коҳиш додани воситаҳои химикунонӣ ва гузаштан ба хоҷагидории нав тавассути татбиқи чораҳои алтернативии кишоварзиро дар назар дорад.

Истеҳсолоти самараноки кишоварзӣ дар хоҷагиҳои биологӣ, танҳо тавассути ташкили сохтори бонизом ва дарки дурусти механизмҳои табиии худтанзимшавӣ имконпазир мебошад.

Ҳангоми пешбурди кишоварзӣ дар асоси ҷалби манбаъҳои берунаи танзими ҳосилхезии хок, ҳолатҳои фитосанитарии зироатҳо, таъмини хӯроки чорво ва табобати ҳайвонот низоми мазкур халалдор гашта, хусусияти худтанзимшавии табиӣ аз байн меравад. Дар натиҷа, ҷидду ҷаҳд пурра ба рафъи оқибатҳои он сарф гашта, сабабҳои рух додани онҳо аз мадди назар дур мемонад.

Мақсади асосии хоҷагиҳои биологӣ ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳамоҳангӣ бо экосистемаҳои табиӣ, ҳифз кардан ва баланд бардоштани дараҷаи ҳосилхезии хок, тавсияи истифодаи захираҳои барқароршаванда, муҳайё сохтани шароити мусоид ва аслии табиӣ барои наботот ва ҳайвоноти кишоварзӣ мебошад.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, омили асосии ташаккул ва афзун гардонидани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ на истифодаи воситаҳои кимиёвӣ, балки он натиҷаи тавъам гаштани шароити мусоиди иқлимӣ, пеш аз ҳама, намӣ ва хоки аз микроорганизмҳо бой мебошад. Коршиносон муайян кардаанд, ки дар натиҷаи мунтазам истифода бурдани воситаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳо дар таркиби хок моддаҳои устувор ва сахттаъсири кимиёвӣ сол аз сол бештар ҷамъ гардида, қобилияти ҳосилхезии онро паст менамояд.

Вакилони муҳтарам!

Ғайр аз риояи тавозуни экологӣ дар раванди истеҳсолоти кишоварзӣ мақсади асосии хоҷагиҳои биологӣ ин ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ки талабот ба он дар ҷаҳони имрӯза сол аз сол меафзояд ва барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд. Вазорати кишоварзӣ барои тоза нигоҳ доштани вазъи экологӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тоза барои ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ дар доираи Барномаи «Рушди соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2010-2014» истифодаи усули биологии мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасонро ба роҳ монда, бо ин мақсад дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қумсангир, Фархор ва Кӯлоби вилояти Хатлон озмоишгоҳҳои биологӣ ташкил намуд ва дар оянда низ чунин корҳо ба роҳ монда мешаванд. Инчунин ин гуна озмоишгоҳҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд ва имконият медиҳанд, ки истифодаи заҳрҳои химиявиро дар киштзорҳо сол ба сол кам намоянд.

Ҳамзамон хоҷагиҳои кишоварзӣ нуриҳои органикӣ, сидератҳо (истифодаи алафҳои сабз) ва домҳои феремониро барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон самаранок истифода бурда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» саривақтӣ ва қобили қабул мебошад.

6Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид ва ин пеш аз ҳама таъмини бозори дохилӣ ва содир намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне озод аз коркард бо маводи химиявиро талаб менамояд. Тайёр намудани заминаи ҳуқуқӣ барои истеҳсолоти маҳсулоти биологӣ, яъне аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур саривақтӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур заминаи ҳуқуқиро на танҳо барои истеҳсолоти маҳсулот дар бозори дохилӣ ва содироти он пешбинӣ менамояд, балки тибқи моддаи 12-уми он воридоти маҳсулоти биологӣ низ ба танзим дароварда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле такмил ёфт ва номи он низ ба мақсаду меъёрҳояш мувофиқ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор дода, ба он 41 таклиф пешниҳод гардид, ки 39-тои онҳо пурра ва ду таклиф қисман қобили қабул дониста шуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

7Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Мавриди баррасӣ ва қабул қарор додани лоиҳаи қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар табиат, аз ҷумла олами наботот, ҳама чиз бо ҳам вобастагӣ доранд. Баъзан ҳангоми коркарди кимиёӣ бо мақсади мубориза бурдан ба муқобили ҳашароти зараррасон ҳашароти фоидаовар низ нобуд карда мешавад. Аз ин рӯ, дар табиат нигоҳ доштани мувозинат муҳим мебошад. Доруҳое, ки бо усули биологӣ барои коркарди зироати кишоварзӣ истеҳсол мешаванд, нисбатан фоидаовар мебошанд. Онҳоро мақсаднок истифода бояд бурд. Лоиҳаи қонуни мазкур қобили қабул мебошад.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Масъалаҳои навбатии рӯзнома:

- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Саиди Ёқубзод»;

- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин»;

- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳақдодов М.М.»;

- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуда, таври алоҳида Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардиданд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ