Луқма

Чаро «Устод» хор шуд?

№87 (3567) 05.07.2016

Забон ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Ҳар халқу миллатро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Забони мо ва таърихи гузаштаи он мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад. Дар забонҳои олам вожаҳое мавҷуданд, ки онҳо хоси ифодаи эҳтирому самимият ба шахси мавриди хитоб мебошанд. 

Мутаассифона, ба «шарофат»- и иддае чунин вожаҳо айни замон дар забони тоҷикӣ ба калимаҳои туфайлӣ табдил меёбанд. Масъулини соҳа «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд», ҳол он ки эҳтироми забони модарӣ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад. Муътақидам, ки бе арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мо наметавонем ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардем, зеро кулли дастоварду пешравиҳо маҳз аз гиромидошти забон маншаъ мегиранд. Ҳар қадаре мо Ватанро бештар дӯст дорем, ҳамон андоза метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба модар-Ватан ва забони миллӣ, ки муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.

Манзури ман аз гилаи дар оғози матлаб зикршуда истифодаи бемавқеъ ва забонзада намудани вожаи «устод» аст. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи мазкур ба се маънӣ — муаллим ва омӯзгори бузург, ихтисосманде, ки дар соҳаи худ ба ҳадди камолот расидааст ва унвони фахрӣ ба пешқадамони ягон соҳаи кору фаъолият омадааст.

Мутаассифона, айни замон ин вожаи ба маънои томаш муқаддасро чунон хору залил намудаем, ки ҳар нафар имкон пайдо намудааст, ки «устод» шавад. Мушоҳида мегардад, ки зимни муроҷиат ҳатто ба онҳое, ки аз омӯзгорӣ, ихтисосмандӣ ва пешқадамӣ дар ин ё он соҳа фарсахҳо дуранд, тавассути калимаи «устод» муроҷиат мешавад. Чунин ҳолат «оина дар хизмати кӯр аст» — ро  ба хотир меорад. Аксар маврид ин вожа ба «абзор»-и муоширати тамаллуқкорон табдил ёфта, маҳз аз ҷониби онҳо ба дилхоҳ шахси барояшон «муҳим», сарфи назар аз он ки шахси мухотаб хислатҳои ба ин калима рабтдоштаро доро ҳаст ё не, «эҳдо» мегардад. Журналистон низ дар ин кор аз пешсафон маҳсуб шуда, қисмати бештар мусоҳибонашонро «устод» гӯён хитоб мекунанд. Табиист, ки ҳастанд шахсоне, ки арзандаи эҳтиром ва арҷгузорӣ мебошанд. Вале вақте ки журналист ба шахсе, ки шахсияташ маъруф нест ва ё дар фаъолият дастовардҳои қобили мулоҳиза надорад, ба василаи вожаи фавқ муроҷиат мекунад, шармовар аст.

Дар шароити шадид шудани бархӯрди манфиатҳо забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аст. Биноан, муҳиму саривақтӣ ва зарур аст, ки истифодаи бемавқеъ ва забонзада шудани вожаи муқаддаси «устод»- ро пешгирӣ намоем. Мо — тоҷикон маъмулан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро устод мегӯем, Аз ин нуктаи назар, бигзор вожаҳое чун «устод» минҳайси дурдонаҳои бебаҳои хазинаи забони давлатии мо боқӣ монанд. Ба ибораи дигар, дурдонаро ба ҳар тоҷ насб намекунанд…

Шумо чӣ андеша доред, хонандаи азиз?

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»