Рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва такмили ин низоми пардохт дар кишвар яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти амалияи байналхалқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2014 таҳти №815 Қарор «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ»-ро қабул намуд.
Тибқи қарори зикргашта, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар дар муҳлати нишондодашуда шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал муассисаҳои зикргардида бояд бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт ҷиҳозонида шаванд.
Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, ба номи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» баъди калимаи «фискалӣ» калимаҳои «, терминалҳои электронӣ» илова шуда, бо мазмуни зерин ба моддаи мазкур қисми 4 пешниҳод гардид: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».
Тағйироти мазкур, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул, аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, 14 майи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.
Муқаррароти моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 1-уми январи соли 2017 дар кишвар мавриди амал қарор дода мешавад.
Аз ин рӯ, ба соҳибкорон тавсия дода мешавад, ки то 1 январи соли 2017 барои насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.
Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон