Чоруми июли соли 2016 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гурӯҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва соҳибкорон ҷаласаи васеъ баргузор гашт, ки масъалаи ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт.
Дар ҷаласа бо дарназардошти ташаббуси соҳибкорон қарор дода шуд, ки 4-5 июли соли 2016 фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалия бо риояи нархҳои тавсиявӣ: 1 кг картошка — 1 сомонию 20 дирам, карам — 80 дирам, бехпиёз — 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор — 2 сомонию 50 дирам, бодиринг — 3 сомонӣ, себ — 5 сомонию 40 дирам, биринҷ — 8 сомонию 50 дирам, нахӯд — 13 сомонӣ, лӯбиё — 8 сомонӣ, мош — 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғшуда — 10 сомонӣ, гӯшти гов — 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд — 31 сомонӣ, шакар — 6 сомонӣ, чойи сиёҳ — 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир- 3 сомонӣ, 10 дона тухм — 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум — 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам дар бозорҳои коммуналию хусусии дар шаҳр фаъолиятдошта таъмин карда шавад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, соҳибкороне, ки дар риояи ин иқдомоти дастаҷамъона хунукназарона муносибат менамоянд, фаъолияташон қатъ карда мешавад.
Ш. Саидов