Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз густариш меёбад. Занон низ дар ин бахш бо истифодаи имкониятҳои фароҳамгашта саҳми муассир мегузоранд. Бо вуҷуди ин ҳама, қадам мондан ба ҷодаи соҳибкорӣ дар марҳилаи аввал кори саҳлу содда нест. Бе донистани қонунгузории кишвар дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар қарору қонунҳо ва санади марбута роҳандозӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ мушкилиҳоро ба бор меоварад. Барои сабук намудани ин зинаи аввал, яъне марҳилаи бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ барои занон Ташкилоти ҷамъиятии «Бонуи аср» тасмим гирифтааст бо номи «Тиҷорати худро чӣ гуна оғоз намуд? 100 суолу ҷавоб» маълумотномаи ҳуқуқиеро таҳия ва ба чоп омода созад.
-Мо пеш аз он ки ин маҷмуаи саволу ҷавобро таҳия намоем, бо коршиносон, ташкилотҳои манфиатдор, мутахассисони мақомоти андоз, омор, бонк, ташкилотҳои хурди қарзии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони ба соҳибкорӣ майлдошта ва соҳибкорзанони муваффақ суҳбату мулоқотҳо анҷом додем ва маҳз дар ин замина саволҳоро мушаххас тартиб додем,- гуфт дар суҳбат бо мо директори Ташкилоти ҷамъиятии «Бонуи аср» Роҳила Алибекова.
Маълумотномаи «100 суолу ҷавоб» аз ду боб иборат буда, қисми аввали он саволу ҷавобҳоро оид ба фаъолияти соҳибкории хурд аз нигоҳи қонунгузории амалкунанда дар бар мегирад. Аз он ҷумла дар боби аввал ба масъалаҳои зерин рӯшанӣ андохта шудааст:
- фарқи байни шакли бақайдгирии тиҷорат, молу мулк ва маҳдудияти фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
-фарқи пардохти андоз ва талабот ба пешниҳоди ҳисобот;
-тартиб ва ҳуқуқи соҳибкорон ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мақомоти назорати давлатӣ;
- тартиби барҳам додани тиҷорат ва уҳдадориҳои мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони худ.
Боби дуюми маълумотномаи ҳуқуқӣ бошад, сарчашмаҳои маблағгузории тиҷоратро муайян месозад, аз ҷумла:
-намудҳои гуногуни қарзгирӣ, лизинг;
-талаботи ташкилотҳои қарздеҳ ба қарзгиранда ва ҳуқуқи онҳо барои гирифтани қарз;
- барои қарз фоизҳо ва дигар пардохтҳо чӣ тавр ҳисобӣ карда мешаванд;
- номгуйи ташкилотҳои қарзӣ, иттилоот дар бораи барқарор намудани робита бо онҳо, намудҳои маҳсулоти қарзӣ ва ғайра.
Бояд гуфт, ки саволу ҷавобҳои маълумотнома таври мушаххас тартиб дода шуда, барои гирифтани иттилооти бештар оид ба ҳар суол дар охири савол сарчашмаи он зикр гардидааст.
Воқеан, омода ва ба нашр расонидани ин гуна маълумотномаи ҳуқуқӣ дар баробари мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз амри зарурист. Ҳамчунин дар муддати се соли охир ба як силсила қонунҳо, ки фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва ташкилотҳои қарзиро ба танзим медароранд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки маълумотномаи мазкур дар асоси лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Бонуи аср» ва Фонди дастгирии ташаббусҳои маҳаллии Канада ба нашр хоҳад расид.
Итминон дорем, ки бо чопи ин маълумотнома на танҳо савияи дониши ҳуқуқии соҳибкорзанон меафзояд, балки ҳолатҳои гирифтани ришва ҳангоми бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ коҳиш хоҳад ёфт, зеро ин маҷмуа ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ ва талаботҳои бақайдгириро рӯшан инъикос намудааст.
Далер Мерганов, «Садои мардум»