Дар рўзи охирини моҳи июн дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» нахустнамоиши драмаи «Хандаи харчанг»- и Ҷон Марелл (тарҷумаи Нур Табаров) пешкаш шуд.
Толор пур аз тамошобин буд ва байнашон шахсиятҳои зиёди шинохта ҳузур доштанд. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов аз таваҷҷуҳи хоси тамошобинон ба санъати асил изҳори хушнудӣ ва аз номи роҳбарияти вазорат ба ҳунармандону санъатдўстон арзи сипос намуд.
Сипас, мудири бахши бадеии театр, ровии хушсухан Ортиқ Қодиров ҳозиринро хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба мазмуну муҳтавои «Хандаи харчанг» маълумоти мухтасар дод.
«Хандаи харчанг»- ро Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов ба саҳна гузошта, нақшҳои асосӣ- Сара Бенарро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова ва Жорд Питуро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир бо маҳорати баланд иҷро карданд.
Баробари ба поён расидани намоиш, саҳна ба маънои томаш гулборон шуд. Ҳунармандони театр, ки дар толор ҳамчун тамошобин ҳузур доштанд, рўи саҳна баромада, ҳамкасбони худро табрик намуда, аз таваҷҷуҳи мухлисон ибрози ризоият карданд.
Банда ҳамчун тамошобин, аз чунин ранг гирифтани кор ба шавқ омада будам, вале дар баробари ин як тахмину гумон фикру андешаамро такон медод: Шояд иштироки доираи васеи ашхоси шинохта, рўи саҳна бо меҳру самимият якдигарро ба оғўш кашидани ҳунармандон ба хотири хайрухуш бо театри дўстдошта — қадамгоҳи бузургони адабу ҳунари миллат бошад, зеро чандест, ки атрофи вайрон кардани ин бинои таърихию фарҳангӣ гуфтугузор зиёд аст.
Вале дар як суҳбати кўтоҳ ба ин гумону савол сарвари муассиса Лутфулло Давлатзода посухи мушаххасу мантиқӣ дод:
- Коллективи ҳунарӣ якҷо мисли организми комилест, ки як узваш набошад, вазифаи худро пурра анҷом дода наметавонад. Ба таъбири дигар, шиори «Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас» гўё маҳз барои мо гуфта шуда бошад. Ҳамин тариқ, имрўз ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввал ва оғози рухсатии кормандони театр аст.
Дар охир мехостам аз боби «одобу фарҳанг»- и баъзе тамошобинон ибрози таассуф намоям. Теъдоди ин гунаҳо хеле кам бошад ҳам, вале бо рафтори ноҷои худ чорабинии боҳаловатро беҳаловат мегардонанд.
Ҳарчанд қабл аз оғози намоиш Лутфулло Давлатзода аз аҳли толор хоҳиш намуд, ки телефонҳои худро хомўш намоянд, вале боз ҳам садои телефонҳо баланд мешуд. Бо ҳамдигар суҳбат кардани баъзе тамошогарон (махсусан ҷавонон) асаби дигаронро хароб мекард.
Воқеан ҳам, агар чунин камбудӣ дар ҷараёни чорабиниҳои маданию маърифатӣ роҳ наёбад, сатҳи онҳо боз ҳам боло ва таъсири мусбаташон боз ҳам баръало хоҳад шуд.
С. УМАРОВ, «Садои мардум»