Дар ҷомеаи имрӯза тақлид ба фарҳанг ва расму оини бегона зиёд шудааст. Махсусан, ҷавонон, ки онҳоро ояндаи миллату давлат меноманд, ба бегонапарастӣ майл карда, тақлид ба либоспӯшӣ ва рафтору кирдори хориҷиён мекунанд. Филмҳои туркӣ, ки дар онҳо фарҳанги бегона таблиғ мешавад, яке аз сарчашмаҳои тақлидкорист. Магар ин дуруст аст? Оё тақлид ба фарҳангу оини бегона асолати фарҳанги миллиро аз байн намебарад? Дар ин маврид мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаҳҳори Расулиён чунин гуфт:
- Тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, албатта, ба фарҳанги миллӣ хатар дорад, зеро тӯли асрҳо давлат ва халқҳое будаанд, ки зери таъсири урфу одат ва фарҳанги бегона, расму оин ва ҳатто забони худро аз даст доданд. Ба ин падида бояд ҷиддӣ муносибат кард. Таърихи на чандон дури мо (асри гузашта дар назар аст Ф.К.) гувоҳ аст, ки дар натиҷаи зери таъсири фарҳанги бегона мондани баъзе аз хоинони миллат, дар тақсимоти ҳудудӣ-марзӣ бисёр бохтем. Ин барои халқу миллати мо дарси ибрат аст ва бори дуюм набояд такрор шавад.
Имрӯз бештар ҷавонон ба ҳамин рӯҳия пайравӣ мекунанд ва бештари онҳо аз таърихи миллати хеш огоҳӣ надошта, намефаҳманд, ки пайравию тақлидкорӣ тадриҷан рукнҳои фарҳанги миллиро аз байн мебарад.
Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саъю кӯшишашонро барои дар қалби ҷавонон бедор кардани ифтихори миллӣ, ватанпарастию ватандӯстӣ равона кардаанд.
Аз ҷавоне, ки номашро Ҷамшед гуфт, пурсидем: — Оё тақлидкорӣ ба фарҳанги миллати дигар ба фарҳанги миллӣ хатар дорад? Чунин посух дод: — Не, ба фикри ман, хатар надорад, зеро дар тамоми дунё чунин аст. Он миллатҳо намегӯянд, ки фарҳанги миллии мо аз байн меравад. Чаро танҳо мо ин тавр гумон мекунем? Давоми суҳбат ба ӯ аз таблиғи филмҳои туркӣ ёдовар шудем. Ӯ чунин ҷавоб гуфт: — Ман намедонам, ки чаро ҳама чунин фикр доранд, ки гӯё филмҳои туркиро махсус барои аз фарҳанги миллӣ дур кардани мо офарида бошанд, дар ҳоле ки онҳо аз баъзе филмҳои ватанӣ хубтаранду тамошобини зиёд доранд. Мо ин ҷо танҳо филмҳои туркиро мисол овардем. Ҳоло на танҳо ба фарҳанги туркӣ, балки ба арабию аврупоӣ низ пайравӣ зиёд шуда, аксар онро «гуногунфарҳангӣ» меноманд.
Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин андешаҳо манъ кардани мардум аз тамошои филмҳои хориҷӣ ва ба бар кардани либоси ғайр нест. Ҳадафи асосӣ он аст, ки мардум бояд дар ҳама ҳолат худшинос бошанд ва донанд, ки оқибати чунин тақлидкориҳо ба чӣ оварда мерасонад.
Фирӯз Комилов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон