- Дар нимсолаи аввали соли 2016 ба Агентӣ 2927 мавод — аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 362 адад, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 2528 ва аз ҷониби шаҳрвандон 37 муроҷиати хаттӣ ва 12 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардид, — гуфт дар нишасти матбуотӣ рӯзи 12 июли соли 2016 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатзода.
Тибқи маълумоти Ҷумъа Давлатзода нимсолаи якуми соли 2016 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 227 ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намудаанд.
Дар ин давра барои ишғоли 1973 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида будааст. Дар натиҷаи озмун 1368 нафар мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро ишғол намудаанд. 1554 нафар довталаби дигар бинобар сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштааст. Аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ 11 нафар, аз ҷумла ду нафар зан ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ таъин шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар Агентии хизмати давлатӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (5 нафар), Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 нафар), Донишгоҳи техникии Пётри Бузурги Санкт-Петербурги Федератсияи Россия (1 нафар) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (3 нафар) ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади тақвияти масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва таъмини идоракунии самаранок дар хизмати давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуд, -идома дод Ҷумъа Давлатзода ва афзуд; Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2016 дар доираи ваколатҳои худ самаранок ба роҳ монда, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ хоҳад кард.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»