Мувофиқи ҳисобу китоби муҳаққиқон, ҳар сол дар замин садҳо навъи набототу ҳайвонот аз байн меравад. Яке аз усулҳои ҳифзи гуногунии ҳаёт дар сайёра ин ҳимояи намудҳои гуногуни набототу ҳайвоноти нодиру камшумор ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳар сол дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад.
Таърихи ҷашнгирӣ аз 22-юми майи соли 1992 сарчашма мегирад. Дар Конфронси СММ доир ба муҳити зист ва рушд, ки дар Рио-де-Жанейро баргузор гардид, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул шуд. Мақсади асосии Конвенсия дар сатҳи генетикӣ, намудӣ ва экосистемавӣ нигоҳдории гуногунии биологӣ мебошад. То имрӯз қариб 200 давлат аъзои конвенсияи мазкур шудаанд.
Аммо Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ аз 22 майи соли 2001 ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат Паёми Дабири кулли СММ ироа гашта, ҳар сол ба мавзӯи хос бахшида мешавад. Чунончӣ, соли 2004 он ба мавзӯи «Озуқаворӣ, об ва таъмини саломатӣ ба ҳама», соли 2008 ба «Гуногунии биологӣ ва кишоварзӣ» ва соли 2014 ба «Гуногунии биологии ҷазираҳо» бахшида шуд. Вазифаи асосии Рӯзи гуногунии биологӣ ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти бебозгашт нобуд шудани намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот дар рӯи замин мебошад.
Дар яке аз ҳамоишҳои СММ солҳои 2011-2020 «Даҳсолаи гуногунии биологӣ» эълон шуд. Ин чорабинӣ баҳри дастгирию ҳамкорӣ дар амалӣ сохтани ҳадафҳои нақшаи Стратегии комплексӣ дар соҳаи нигоҳдорӣ ва истифодаи устувории гуногунии биологӣ замина мебошад.
Ба гуфти коршиносони Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ҳафт омили асосӣ сабабгори тағйирёбии гуногунии биологӣ ба шумор мераванд: 1). Гумшавӣ ва пора шудан (фрагментатсия)-и муҳити табиӣ. 2) Рақобат аз ҷониби намудҳои бегона (инвазивӣ). 3). Ифлосшавии муҳити зист. 4). Тағйирёбии глобалии иқлим. 5). Биёбоншавӣ. 6). Афзоиши аҳолӣ ва истеҳсоли аз меъёр зиёди ғизо. 7). Ғайриоқилона истифода намудани захираҳои табиат.
Аксари омилҳои зикршуда ба фаъолияти инсон вобастагӣ дорад. Яке аз роҳҳои мубориза баҳри нигоҳдории гуногунии ҳаёт дар сайёраи мо ҳифзи намудҳои нодири растаниву ҳайвонот ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат мебошад.
Дар баробари таъмин будан бо об ва санитария, тандурустӣ, энергетика ва кишоварзӣ гуногунии биологӣ низ дар ҳаёти инсон яке аз соҳаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Бе мавҷудияти ҷузъи зикршуда ҳаёт барои башарият ғайриимкон аст. Олимон то имрӯз қариб 1 миллиону 750 ҳазор намуди гуногунии биологиро кашф кардаанд. Мувофиқи ақидаи олимони соҳаи биология, шумораи навъҳои гуногунии биологӣ метавонад ба 14 миллион номгӯй расад.
Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои бузург баҳри мавҷудияти гуногунии биологӣ дар сайёра ба шумор меравад. Дигаргуншавии ландшафт дар натиҷаи маҳвшавии ҷангалҳо, сӯхтор ва урбанизатсия (шаҳршавӣ) зиндагии бисёр намудҳоро мушкил гардонидааст, зеро аксар намудҳои ҳайвоноту наботот дар шароити нав ба зудӣ мутобиқ шуда наметавонанд ва мемиранд. Дар баъзе ҷойҳо дарахтбурӣ боиси биёбоншавӣ ва билохира маҳвшавии намудҳои муайян мегардад.
Қишри камбизоати аҳолӣ аз маҳвшавии гуногунии биологӣ бештар азият мебинад. Алҳол ба 10962 намуди растаниву ҳайвонот хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Ғанӣ будани гуногунии биологӣ, манфиати этикӣ, эстетикӣ, илмӣ ва иқтисодӣ дорад. Аз даст додани гуногунии биологӣ ба камшавии захираҳои озуқаворӣ, растаниҳои шифобахш, теъдоди сайёҳон оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ташаббусҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист буда, бо имзо кардани созишномаҳои байналмилалӣ ва иҷро намудани уҳдадориҳои хеш, дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи мусбат пайдо намудааст.
Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 санади асосии давлатӣ мебошад, ки тавозунро байни захираҳои табиӣ ва истифодабарандагони он нигоҳ медорад, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибатҳоро байни истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва худи табиат, самтҳои асосии рушди муътадили ҷомеа, роҳҳои инкишофёбии солимии ҷамъият, оқилона истифодабарии захираҳои табиат, инчунин усулҳои барқарорсозии муҳити экологии харобгаштаро муайян мекунад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки мавҷудияти гуногунии биологӣ омили муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, зиндагӣ бо онҳо зебост.
Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон