Оғози сохтмони эстакада дар пойтахти мамлакат

№93 (3573) 23.07.2016

28465752825_faa64f9a8c_oОн дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон» бунёд ­мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз се сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми чорроҳа, роҳи давродаврӣ бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук, ки дарозиаш 125 метр­ро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лои­ҳаи мазкур сохтмони чор роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян-Бейсин»–и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дастандаркорони тарҳро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид дошт, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то ки барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар баробари ҳаракати нақлиёти транзитӣ, роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешавад, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаранд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб месозад. Эстакада бошад, ба беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо мусоидат мекунад. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

 www.president.tj