Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Нозирзода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи солли 2016-ум ба буҷети ноҳия аз рӯи 10 намуди сарчашмаҳои дохилӣ 8 миллиону 860568 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 87832 сомонӣ зиёд мебошад. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 6 миллиону 212097 сомонӣ маблағҳои мақсаднок ба нақша гирифта шуда буд, вале дар ҳаҷми 5 миллиону 743685 сомонӣ ворид гардид.
Дар ин давра ба соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 13 миллиону 255228 сомонӣ равона гардидааст, ки 86,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад,- афзуд ӯ.
Раиси ноҳия дар идомаи суханаш зикр кард, ки дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар робита ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар ноҳия 25 гектар боғ бунёд карда шуд. Омодагӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2016-2017 хуб аст. Аллакай ба муассисаҳои таълимӣ ва тиббии ноҳия ворид намудани ангишт ва дигар маводи сӯзишворӣ оғоз гардидааст. Таъмири муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфтаст. Бо либоси ягонаи мактабӣ тибқи нақша то имрӯз 8 ҳазор хонандагон таъмин шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия, аз иштироки ками рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ иштироки доимӣ ва фаъолонаи рӯзномаи «Садои мардум» ва АМИТ «Ховар»-ро махсус қайд намуд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»