Аз фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Душанбе. Дар шаш моҳ 46 иншоот ба истифода дода шуд

№94 (3574) 26.07.2016

ГОРДУМА121 июли соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: «Дар бораи иҷрои барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва дастгирии соҳибкорӣ», «Оид ба тасдиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе №184 аз 30 июни соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Зоя Космодемянскаяи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Юлиус Фучики шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Александр Матросови шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Советскаяи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Павлови шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Студентческаяи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Бабушкини шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Воровскийи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Гончарови шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Комсомоли шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Петровскийи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Алексей Толстойи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи 40 – солагии Октябри шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Гастеллои шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шестапалови шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Сергей Лазои шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №56-5 аз 14 апрели соли 2016 «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14», «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳри Душанбе.

Зимни баррасии масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода шунида шуд. Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  100,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 107,3 фоиз, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 1,8 баробар, ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана – 102,3, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо — 119,1 ва хизматрасонии пулакӣ дар соҳаҳои хизматрасонӣ 102,0 фоиз  таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ  беш аз 4,52 млрд. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 106,2 фоизро ташкил дод.

Нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 100,0 фоиз ва ба маблағи 1018,9 млн. сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба нақша 0,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум  65,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2016 аз рӯи воридоти андозҳо 104,7 фоиз иҷро ва ба ҷойи 596,3 млн. сомонии нақша ба буҷет 635,0  млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 38,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 4,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар давраи сипаришуда 30837 нафарро ташкил намуда, назар ба соли 2015 -ум 4,6 фоиз ё 1362 нафар зиёд аст.

Дар ин давра бо ҷалби маблағгузориҳои давлатӣ ва соҳибкорон дар шаҳри Душанбе 46 иншоот ба маблағи беш аз 1,1 миллиард  сомонӣ мавриди  истифода қарор дода шуд, ки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дорои беморхона барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар бо ташкили 3435 ҷойи нави корӣ ва маркази соҳибкорӣ, меҳмонхона, маҷмааи варзишию солимгардонӣ ва тиҷоратӣ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 47, мансуб ба ҶСП «Евразия» бо ташкили 750 ҷойи нави корӣ аз ҷумлаи онҳост.

Дар иншооти сохтмонии шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи коргарон дар вақти сохтмон 3065 нафар ва баъди ба истифодадиҳии онҳо  5065  нафарро ташкил дод.

Соли ҷорӣ  ба 284 соҳибкор қисми иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе  дар масоҳати 26581,0 мба иҷора ва дар заминаи онҳо 434 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои марбутаро оид ба иҷрои барномаҳои зикршуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо дарназардошти имконияту захираҳои ҷойдошта нисбат ба талабот ва зарфиятҳои шаҳр нокифоя арзёбӣ намуда, барои ислоҳи вазъ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷиҳати ҳар чӣ бештар бо ҷойи кор ва шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон ба масъулин муҳлат муқаррар намуд.

Раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзили шаҳр уҳдадор шуданд, ки бетаъхир бо ташкили коргоҳҳои ҳунармандӣ ҳар кадом на кам аз 10 ҷойи корӣ таъсис диҳанд. Қарор шуд, ки ҳолати амалишавии ин иқдомот дар 4 ноҳияи шаҳр аз ҷониби раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар алоҳидагӣ муваззаф шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода, дар иҷлосияи навбатӣ гузоришҳои онҳо шунида шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ташаббуси соҳибкор Авазхон Кабиров оид ба сохтмони бинои истеҳсолӣ барои на кам аз 500 ҷойи корӣ ва маҷмааи иншооти истироҳатӣ-фароғатӣ, аквапарк, варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳраки 61, ки баъди ба истифода додани танҳо корхонаи истеҳсолӣ дар як баст 1200 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ёдовар шуда, зикр намуд, ки аз иқдомоти созандаи масъулин ва соҳибкорони инфиродӣ дар самти ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ истиқбол хоҳад кард.

Зимни тасдиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе №184 аз 30 июни соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016» Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи сардорони Сарраёсати молия ва Раёсати андози шаҳри Душанберо нокифоя хонда, гуфт, ки масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳо дар вазифаҳои ишғолнамудаашон, аз натиҷаҳои ҷамъбасти нуҳмоҳа вобаста хоҳад буд.

Оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе зикр гардид, ки қабули қарори ниҳоӣ дар ин робита бо иштироки аъзои Комиссияи шаҳрии номгузорӣ ва раисони  комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ба салоҳияти раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вогузор мешавад.

Дар иҷлосия бо риояи дақиқаи хомӯшӣ хотираи вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33, собиқ раиси ноҳияи Синои шаҳр — Сафаров Зафар Абдуллоевич пос дошта шуд. Сипас, вакилон ваколати марҳумро бинобар сабаби вафоташ пеш аз муҳлат қатъ карда,  ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №56-5 аз 14 апрели соли 2016 «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14» низ тағйирот ворид намуданд.

Инчунин, вакилон қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе батасвибрасонидаи раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи фаъолони шаҳрро ба вусъат бахшидани саҳмгузорӣ дар сабқати 130 рӯзӣ ободонӣ ба ифтихори омодагиҳои сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи бемайлони танзими расму ойин, қонунгузорӣ, ғановати бозори истеъмолию ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби буҷети шаҳр ба бозорҳои коммуналӣ нигаронида, сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти сокинон дар шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Ш. Саидов