Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

№94 (3574) 26.07.2016

23 июли соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона шудаанд.

Матни пурраи онҳо дар матбуоти расмии кишвар интишор мешавад.

www.president.tj