Маърифати ҳуқуқӣ

Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

Маҳз пас аз эълони Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон баробарии ҳокимияти судӣ бо дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ — қонунгузор ва иҷроия зикр гардид ва баъди ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардани Конститутсия, 6-уми ноябри соли 1994, он қувваи қонунӣ гирифт.

Маҳз барои тақвияти ин иқдом ва пурзӯр намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271) ба имзо расид.

Дар заминаи ин ислоҳот қонуну кодексҳои ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ қабул шуданд, ки асос барои мустақилияти ҳокимияти судӣ гардиданд.

Асосгузори ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои давра ба давра баланд бардоштани маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ супоришҳои мушаххас дода, мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бобати беҳтар гардондани шароити маишӣ — манзилии судяҳо чораву тадбирҳо андешанд.

Илова бар ин, синни ниҳоии номзадҳо ба вазифаи судягӣ дар асоси қонун муқаррар карда шуд. Акнун зимни пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба донишу малака, таҷрибаи корӣ ва дигар сифатҳои мусбии шахсӣ диққати махсус дода мешавад.

Маҳз бо ҳидояту дастурҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши судяҳо ва малакаи касбии онҳо Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд, ки дар он судяҳо давра ба давра ба такмили ихтисос, омӯзиши қонуну таҷрибаи пешқадам фаро гирифта мешаванд.

Мутобиқи барномаи қабулгардида иҷрочиёни суд аз тобеияти ҳокимияти судӣ бароварда, ба тобеияти ҳокимияти иҷроия- Вазорати адлия дода шуданд, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани волоияти ҳокимияти судӣ ба шумор меравад. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа афзоиши арзу шикояти аҳолӣ аз болои фаъолияти судяҳо, бо сабаби зиёд будани сарборӣ сари вақт баррасӣ нагардидани парвандаҳо, махсусан парвандаҳои шаҳрвандӣ, ба ҳисоб мерафт, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилот низ ҳалли худро ёфт.  Қабл аз ҳама Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки мутобиқи муқаррароти он муҳлати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ ба муддати се моҳ дароз карда шуд. Инчунин, ба судя ҳуқуқ дода шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо мурофиаҳои ғоибона гузаронад.

Дар натиҷаи пайваста зоҳир намудани дастгирӣ ба ин шохаи ҳокимият бо супориши Сарвари давлат шумораи судяҳо зиёд карда шуд. Ин тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ имконият фароҳам оварданд, ки сифати баррасии парвандаҳо беҳтар гардида, шумораи арзу шикояти аҳолӣ ба маротиб коҳиш ёбад.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки ба ҳамаи ин дастовардҳо дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидем. Ҳамин тариқ,  бо татбиқ намудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки асосгузораш Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба мустақилияти ҳокимияти судӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Мо ҳамчун ҳомии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар навбати худ  бо дарки масъулият кӯшиш менамоем, ки баҳри оромиву осудагии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул намоем.

 

Сайфиддин КАМОЛЗОДА, раиси суди шаҳри Ваҳдат