Таъиноти кадрӣ

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

26 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадр­ҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Абдукарим Абдураҳим муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳрҳои Кӯлобу Истаравшан ва ноҳияи Шаҳринав бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати хизмат озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои ҷавону корозмуда таъин шуданд.

Ҳамчунин, тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД сурат гирифт. Сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Фирдавсӣ, Нуробод, Роғун, Шаҳринав, Шуғнон, Ишкошим, Ванҷ, Ҷайҳун, Муъминобод, Темурмалик ва Носири Хусрав иваз карда шуданд.

Дар дастгоҳи марказӣ ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад. Ҳайати якчанд раёсат ва роҳбарии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа аз ҳисоби кадрҳое, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимоти низомиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон хатм карда, дар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, мукаммал гардонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ ­таъи­н­гардидаро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъи­ятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия даъват намуд.

Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат таъкид намуд, ки манфиатҳои давлату миллат, бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

www.president.tj