Баъзан дар дохили нақлиёти ҷамъиятиву суҳбатҳои сарироҳӣ мешунавем, ки гӯё зимни қабули довталабон ҳатман шинос доштан ё маблағ додан зарур бошад. Мо фикр мекунем, ки ин овозаро бештар падару модароне паҳн мекунанд, ки тӯли 11 соли таҳсил боре барои огоҳ шудан аз хонишу ахлоқи фарзандонашон ба мактаб нарафтаанд. Азбаски фарзанди ин гунаҳо дониши казоӣ надораду аз имтиҳони қабул намегузарад, айбро дар надоштани шиносу маблағ мебинанд.
Соли равон духтарамон Шаҳринисо Тимерова имтиҳонҳои қабулро дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият супурда, курсанти он гашт. Аз давраи супурдани ҳуҷҷатҳо то қабули имтиҳонот мо шоҳид будем, ки сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ таъкид мекарданд: — ба касе пул надиҳед, бовар кунед, касе ин ҷо барои касе восита шуда наметавонад. Агар фарзандатон бо дониши худаш дохил шавад, шиносатон мегӯяд, ки ман кумак кардам, агар дохил нашавад, мегӯяд, ки натавонистам кумак кунам. Мо шаффоф гузаштани имтиҳони қабулро таъмин менамоем.
Мо, волидон, боварӣ ҳосил намудем, ки ин фарди поквиҷдону нексиришт ба қавлаш устувор аст. Яъне, агар довталаб дониши казоӣ дошта бошад, ҳатман ба мактаби дилхоҳаш қабул мешавад.
Ман аз номи аҳли оилаам ба ӯ ташаккур мегӯям.
Ҳамчунин, миннатдории хешро ба директору муаллимаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и шаҳри Душанбе Лола Одилбекова, Парвина Сатторова, Қурбонбӣ Муродова, Зуҳро Мирзоалиева ва дигарон, ки дар таълиму тарбияи духтарамон саҳм доштанд, баён менамоям.
Ба волидон гуфтаниям, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накарда, робитаро бо мактаб қавӣ гардонида, донишу ахлоқи фарзандонашонро ҳамеша зери назорат гиранд. Зеро ҷараёни имтиҳонсупорӣ шаффоф аст ва довталаби босавод ҳатман донишҷӯ мешавад.
С. Райҳонова, сокини шаҳри Душанбе