Дар Тоҷикистон марказ бо маънои том марказ аст

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

(Посух ба мақолаи Меҳмоншо Шарифзода, ки манотиқи Тоҷикистонро ба ҳам душман сохтанист)

 

20 июли соли 2016 мақолаи файласуфи тоҷик Меҳмоншо Шарифзода таҳти унвони «Қудрат ва анатомияи марказгурезӣ дар Тоҷикистон» дар сомонаи www.ozodagon.tj нашр шуда, баҳсҳои мухталифро ба миён овард.

Ҷаноби Шарифзода дар аввал аз баъзе ҳаводиси таърихӣ, ки метавонанд дар ҳар давлате ба амал оянд, ёдовар шуда, онҳоро марказгурезӣ ё сепаратизм унвон кардааст. Албатта, ин андешаи муаллиф нодуруст ва ғаразнок аст, зеро ӯ ҳодисаҳои таърихии садаи охирро, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, паи ҳам оварда, ба онҳо танҳо аз нуқтаи назари тангу таассубнок баҳо додааст. Яъне, Шарифзода ягон падидаи сиё­сии номбурдаашро пурра таҳлил накарда ва воқеияти аслии онро ба назар нагирифта, тавре хостааст музахрафоти худро баён намудааст. Аз ҷумла, ӯ давраи фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан мавқеи Тоҷикистонро дар он раванд нодуруст баррасӣ кардааст.

Ба андешаи Меҳмоншо Шарифзода, гӯё дар Тоҷикистон «Марказ» то ҳанӯз «Марказ» нашудаасту рух додани марказгурезӣ дар ин сарзамин имкон дорад. Вай, инчунин муттаҳидии миллати тоҷик ва устувории ҳокимияти марказиро дар кишвар бадқасдона зери суол бурдааст, ки комилан як амали беинсофона ва муғризона аст. Зеро баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон дар атрофи маркази ягона муттаҳид гардида, сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунанд ва дар ободию рушди ватани худ саҳмгузоранд. Албатта, гурӯҳу доираҳои бадҳоҳ, ғаразнок ва мутаассибу тахрибкор, ки фишанги дасти неруҳои хориҷӣ буданд ва манфиати онҳоро бар зарари миллати тоҷик пиёда месохтанд, дар шароити ҳозира маҳв шудаанд. Вале муаллиф ба даст омадани ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро нодида гирифта, бо мақолаи ғаразнок кӯшидааст, ки байни сокинони минтақаҳои Тоҷикистон мухолифат барангезад.

Агар дар Тоҷикистони имрӯза ҳам имкони сар задани марказгурезӣ ё ихтилоф миёни манотиқи он мавҷуд бошад ва ё ба вуҷуд оварда шавад, яқинан он аз ҷониби неруҳои бадхоҳи хориҷӣ бо дасти афроде, ба мисли Меҳмоншоҳ Шарифзода амалӣ хоҳад шуд. Мардуми тоҷик то ҳанӯз амалҳои нангину манфури бегонапарастонеро, ки бозичаи дасти аҷнабиён гардида, солҳои 90-уми асри гузашта оташи ҷангу хунрезиро аланга доданду ватанро хароб намуданд ва мехостанд минтақаҳои кишварро ба ҳам душман карда, манфиати ғаразноки худро ҳосил намоянд, фаромӯш накардааст.

Мутаассифона, ҷаноби Меҳмоншо Шарифзода дар мақолаи худ фикрҳои дарҳамбарҳамро оид ба марказгурезии тахайюлиаш баён дошта, аз гуфтаҳои олимони барояш ошно иқтибос овардааст, аммо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои манфии он, фаъолияти душманонаи доираҳо ва гурӯҳҳои мазҳабии мутаассиб ва ашхоси худбохтаю бегонапарастро дуруст таҳлил накардааст ё нахос­тааст. Шояд сабаби яктарафа баҳо додан ва мухолифи манфиатҳои миллӣ таълиф намудани мақолаи мазкур дар фармоишӣ будани он аз ҷониби кадом як неруи манфиатҳо бошад?

Ҷаноби Шарифзода, бояд фаромӯш насозед, ки ба гуфтаатон агар «аз як тараф, тайёр набудани Ҳукумат дар Тоҷикистон барои озодӣ боиси беҳокимиятӣ» дар солҳои 90-ум шуда бошад, аз тарафи дигар, афроди бегонапарасте, ки пойбанди хоҷагони хориҷӣ буданд, ба хотири музди ночизе мардумро ба сангарҳо хонданду онҳоро муқобили ҳам шӯрониданд ва натиҷааш ҷанги бародаркушӣ шуд.

Зимни аз сӯи абарқудратҳо ба хотири манфиатҳои геополитикӣ татбиқ гардидани ҳар гуна раванд­ҳои ба гуфти шумо, «ҷаҳонишавӣ», «шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ» ва ғайра, неруҳои муайян ҳар кореро, ки хостанд, нисбат ба кишвари мо роҳандозӣ карданд.

Андешаи дигари Шарифзода, ки гӯё баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ раванди марказгурезӣ дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ ҳанӯз ба охир нарасидааст ва то ҳанӯз Россия ҳамчун марказ боқӣ мемонад ва ин раванд давом хоҳад дошт, низ ғалат аст. Албатта, дар ҷаҳони имрӯза кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Россия, мехоҳанд, ки ҷиҳати татбиқи манфиат давлатҳои заифтарро зери таъсир нигоҳ доранд. Вале, новобаста ба кӯшишҳои ашхосу гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва бегонапараст, роҳбарият ва мардуми кишвари мо дар баробари нигоҳ доштани муносибатҳои мутақобилан судманд бо Россия ва ҳар кишвари дигаре мустақилият, озодӣ ва шаъну шарафи худро ҳимоят мекунад.

Шарифзода дар мақолааш аз дахолати Россия дар корҳои дохилии кишварҳои пасошӯравӣ ҳарф мезанад, вале аҷиб аст, ки аз дахолати ИМА ва дигар кишварҳои Ғарб ба мамолики дигар чизе намегӯяд. Намегӯяд, ки онҳо бо баҳонаи паҳн намудани демократия дар якчанд кишвари арабӣ беҳокимиятӣ, ҷанг­ҳои мазҳабӣ ва муҳоҷирати шумораи зиёди одамонро ба миён овардаанд.

Аз тарафи муаллиф ба як раванди марказгурезӣ нисбат додани амалҳои Ҳомидов дар Хуҷанд ва Ризвон дар Рашт дар солҳои 90-ум асри гузашта хандаовар аст, зеро Ҳомидов як хиёнат­кор буда, ҷиноят содир карда буд ва Ризвон роҳбари гурӯҳи террористӣ буду мехост тибқи дастури собиқ мухолифини мутаассиби мазҳабӣ дар Рашт ҳокимияти конститутсиониро барҳам диҳад.

Дубора ба муҳокима кашидани воқеоти соли 2012-и шаҳри Хоруғ (амалиёти сохторҳои қудратӣ нисбат ба ашхоси алоҳидаи ҷинояткор) ва ҳамчун марказгурезӣ баҳо додани он амали хатарнок ва нодуруст аст. Ё. М. Шарифзода бо баёни чунин ақидаи ғаразнок мехоҳад сокинони Бадахшонро ба шӯр орад? Дар асл мардуми Бадахшон дар атрофи ҳокимияти марказӣ муттаҳиданд, ки сафари охирини Роҳбари давлат ба он минтақа аз ин шаҳодат медиҳад.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон хавфи сепаратизм вуҷуд надорад, зеро халқи шарифи кишвари мо сарҷамъ аст ва албатта, дар муқобили ҳар гуна хатари беруна якдилона мубориза хоҳад бурд.

Раванди марказгурезӣ, ки М. Шарифзода аз он сухан мегӯяд, як хаёли бофтаест. Чунин нафарон бо мақсади иҷрои супориши кадом як неруе мехоҳанд чунин ақидаҳоро, ба мисли маҳалгароӣ дар ҷомеаи мо паҳн кунанд. Вале, албатта, тирашон хок мехӯрад, зеро мардуми огоҳи мо дигар фирефтаи иғвою дасисаҳо нахоҳад шуд ва дӯстро аз душман фарқ мекунад. Имрӯз дар мамлакат фазосозии солими дунявӣ ба роҳ монда шудааст ва халқи кишвар пайи зиндагию меҳнати софдилона мебошад. Таҷлили Нав­рӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои созандагию ободонӣ дар кишвар аз муттаҳидии кулли тоҷикис­тониён дарак медиҳанд.

Қ. Аҳмадзод