Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи замони Истиқлолият аст. Имсол дар баробари 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 20-солагии таъсиси ноҳия низ таҷлил мегардад.
Дар ин робита раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода чунин ибрози андеша намуд:
- Чун дигар манотиқи кишвар дар Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри сазовору хотирмон таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии таъсисёбии ноҳия дар асоси нақша корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи баланд идома доранд. Дар доираи ин ҷашнҳои фархунда дар ноҳия бунёди 20 иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2015 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мавзеи номувофиқи маркази ноҳия, он ба мавзеи ҳамвор кӯчонида шуд. Ба ин мақсад дар мавзеи Дашти Рогиф 16 гектар замин ҷудо гардида, барои корҳои сохтмонӣ аз буҷети вилояти Суғд 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид. Нақшаи генералии шаҳрак аз ҷониби мутахассисон омода шуд ва айни ҳол сохтмони он идома дорад.
То ба имрӯз иншооти зиёде, аз қабили Кохи фарҳанг барои 200 ҷой, муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Вардочит, толори варзишӣ дар деҳаи Оббурдон, канали обёрӣ дар деҳаи Роғ, бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Худгифи Соя, бинои нозироти андоз, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Падаск, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҳадишаҳр, чор синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Деҳисор, муассисаи таълимӣ дар деҳаи Деҳманора, сохтмони пул дар деҳаи Валиғонд ва ғайра мавриди бахрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишвар ба истифодадиҳии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ, кашидани хатти оби полезиву нӯшокии маркази нави ноҳия ба масофаи 10,5 км, мумфарш кардани зиёда аз 2 км роҳи маркази ноҳия ва дигар иншоот дар назар аст.
Сарвари давлат дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 26 сентябри соли 2011 ба деҳаи дурдасти Роғи деҳоти «Лангар» ташриф оварда, бо вазъи муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти кишоварзӣ ва кори намунавии картошкапарварон шинос шуда, ба масъулин дар бобати сохтмони синфхонаҳо ва як қатор иншооти дигар, ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ бо роҳи ташкили ҳашарҳои умумӣ маслиҳатҳо дода буданд.
Мардуми сарбаланди ноҳия ҳидоятҳои Роҳбари кишварро сармашқи кори худ намуда, дар деҳаи Худгифи Офтоб 4 синфхона, деҳаи Ҳадишаҳр — 2 , Худгифи Боло — 4 ва дар деҳаи Равнич 2 синфхона ба тариқи ҳашар сохта, ба истифода доданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Ғукат барои бунёди 4 синфхона ва Туро 3 синфхона корҳои сохтмониро оғоз намуданд.
Яке аз чораҳои мушаххас ба хотири истиқболи сазовори санаҳои таърихӣ пайваста бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Натиҷаи чунин корҳост, ки дар ноҳия ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷонибдории ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат боз дар он зоҳир мегардад, ки дар ду маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2015 ва дар маъракаи даъвати баҳории соли 2016 нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи нахустини он сарбаландона иҷро гардид.
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ноҳияи аграрӣ мебошад, ба рушди соҳаи кишоварзӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Хусусан, ба кишти картошка аҳамияти махсус дода мешавад. Имрӯз ҷамъоварии картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 66 ҳазор тонна расидааст. Баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии ин навъи зироат кишоварзони ноҳия ҳар сол аз тухмиҳои хушсифат истифода менамоянд.
Бо ин мақсад дар ноҳия Ассотсиатсияи картошкапарварони Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шудааст, ки деҳқононро бо тухмии хушсифат таъмин менамояд.
Соли равон аз давлати Олмон 12 тонна тухмии хушсифати навъи «Бигроза» ба ноҳия ворид гардид, ки ба ҳосилнокии картошка мусоидат мекунад. Қариб 70 фоизи заминҳои корами обӣ, ки 3516 гектарро ташкил медиҳанд, барои кишти картошка ва ғалладонагиҳо истифода мешавад.
Кишоварзони ноҳия соли равон нақшаи кишти баҳории зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, гандуми баҳорию тирамоҳӣ, инчунин сабзавотро 100 фоиз ва бунёди боғҳои навро 123 фоиз иҷро намуданд.
Яке аз соҳаҳои дигари афзалиятнок дар Кӯҳистони Мастчоҳ занбӯриасалпарварӣ ба шумор меравад. Соли 2014 дар ноҳия аз 320 оилаи занбӯри асал ҳафт тонна асал ба даст оварда шуд. Соли 2015 ва нимаи аввали соли равон занбӯри асал ба 1300 оила ва истеҳсоли асал ба зиёда аз 20 тонна расид.
Тибқи Барномаи рушди қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардидааст, дар 5 соли охир ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 435 сар қутос оварда шуд. Алҳол дар ноҳия зиёда аз 830 сар қутос парвариш меёбад.
Қаблан «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2011-2015» қабул шуда буд, ки дар заминаи он танҳо дар 5 соли охир 86 лоиҳа татбиқ гардид. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 46 миллиону 773 ҳазору 140 сомониро ташкил медод. Аз ҷумла дар соҳаи маориф 15 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 271 ҳазору 100 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ — 4 лоиҳа ба маблағи 781 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ — 29 лоиҳа ба маблағи 6 миллиону 111,1 ҳазор сомонӣ, фарҳанг — 1 лоиҳа ба маблағи 10 миллиону 819,1 ҳазор сомонӣ, энергетика — 5 лоиҳа ба маблағи 10 миллиону 819,1 ҳазор сомонӣ, саноат — 2 лоиҳа ба маблағи 845 ҳазор сомонӣ, дигар соҳаҳо 23 лоиҳа ба маблағи 14 миллиону 735,4 ҳазор сомонӣ амалӣ шуд.
Айни замон дар Кӯҳистони Мастчоҳ 30 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва мактаб-парваришгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5496 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки 80 нафар кӯдакро ҷалб намудаанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии оливу махсуси кишвар аз ноҳия 500 нафар таҳсил карда истодаанд, ки 120 нафари онҳо бо Квотаи президентӣ қабул гардидаанд.
Фаъолияти муассисаҳои табобатӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ низ сифатан беҳтар шуда истодааст.
Итминони комил дорам, ки мардуми заҳматқарини Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри амалӣ шудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ободии Ватан ва осудагии мардуми он минбаъд низ кӯшишу ғайрат намуда, саҳми сазовор мегузоранд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»