Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии сокинони вилояти Суғд ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Хуҷанд, 14 сентябри соли 2016
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳамаи мову шумо ҳанӯз таҳти таассуроти таҷлили ҷашни мубораку таърихии миллатамон, яъне 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тамоми мардуми матиниродаву заҳматкаши вилояти Суғдро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва саодати бардавом орзу менамоям.
Дар муддати чанд рӯзе, ки мо дар вилояти Суғд сафари корӣ доштем, шоҳиди пазироии самимонаи сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Хуҷанд гардидем, ки аз дастгириву ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.
Дар баробари ин, Истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати таърихан қадимаву сарбаланд ва мутамаддини тоҷик моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву сарсабзии кишвари азизамон содиқонаву аҳлона меҳнат кунем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварем.
Албатта, рушди устувори давлату давлатдорӣ дар заминаи хушку холӣ ва фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст.
Аз ин рӯ, мо ҳанӯз аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии худ эълон намудем.
Яъне, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии Давлат ва Ҳукумат мебошад.
Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати Давлат муайян карда шуданд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо Ҳукумати кишвар азми қатъӣ дорад, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидро ба хотири мунтазам беҳтар гардидани зиндагии сокинони мамлакат пайгирона ҳаллу фасл намояд.
Тавре ки кулли мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд, мушоҳида мекунанд, дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоид ба вуҷуд омад, ки раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.
Ба шарофати Истиқлолият ва дар натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи мардуми тоҷик дар қаламрави вилоят иншооте бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд, ки сохтмони баъзеи онҳоро дар даврони гузашта ғайриимкон мешумориданд.
Аз ҷумла, бунёди нақбҳои бузурги «Истиқлол» ва «Шаҳристон», инчунин таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Чанак, Айнӣ — Панҷакент, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб — Шимол, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар дохили вилоят, ки дар рӯзҳои вазнинтарин мушкилоти сокинонро доир ба таъмини неруи барқ бартараф намуданд, ташкили садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмони садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, хусусан, мактабу шифохонаҳо ва муассисаҳои дигари маориф ва тандурустиву фарҳанг, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва ба ҳамин васила таъсис додани садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Ҳоло лоиҳаи таҷдиди роҳи Хуҷанд — Конибодом — Исфара идома дорад, ки азнавсозии ин шоҳроҳ боиси боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони вилоят хоҳад гашт.
Ҳозирини гиромӣ!
Дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боиси ифтихору таҳсин мебошанд.
Дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид.
Дар ин давра дар заминаи арзишҳои миллӣ ҳаёти фарҳангии вилоят низ хеле пеш рафта, ҳамчун самараи неки Истиқлолият дар тарбияи маънавии сокинон, аз ҷумла болоравии ҳисси миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон, нақши муассир гузошт.
Имрӯз мардуми фарҳангдӯсти вилояти Суғд дар идомаи роҳпаймоӣ ё ҳамоише, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ифтихори ҷашни тақдирсозу таърихии кишварамон баргузор гардиданд, ба чорабинии идона баромадаанд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки сарчашмаи асосии чунин чорабиниҳои оммавӣ сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар буда, ин иқдом, бешубҳа, боиси шодиву нишоти хурду бузург гардида, ба афзун шудани файзу баракати диёрамон мусоидат мекунад.
Итминон дорам, ки ҳамаи иқдомоти идонаи ба ифтихори ҷашни соҳибистиқлолии Ватанамон баргузоршуда, шаҳрвандони кишварамонро боз ҳам сарҷамъу муттаҳид гардонида, ба онҳо дар роҳи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон — Тоҷикистони азиз, ки мояи ифтихори ҳамаи мо мебошад, илҳому неруи дучанд мебахшад.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва худшиносу ватандӯсти мо минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва бо заҳмати софдилонаву азму иродаи қавии худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоянд, шуҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва бо ҳамин роҳ сарнавишти таърихии халқамонро, ки аз истиқлол ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ибтидо мегирад, сарбаландона идома медиҳанд.
Бигзор парчами пурҷилову нурафшони Истиқлолият замири хурду бузурги Ватанро то абад мунаввар гардонад ва муҳаббати Тоҷикистони маҳбубамонро дар қалби ҳар фарди бонангу номус ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорад!
Бори дигар ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба ҳозирини арҷманд ва тамоми аҳли кишвар муборак бод!
Доимо сарбаланд ва хушбахт бошед!