Деҳаҳои Гулафшон ва Қаюмободи деҳоти «Гулистон» аз ҷумлаи деҳаҳои дурдасти ноҳияи Восеъ маҳсуб меёбанд. Солҳо инҷониб хонандагони деҳаҳои мазкур бинои дурусти таълимӣ надоштанд. Барои ҳалли ин мушкилот сархатибони масоҷиди ноҳия, бо сарварии Муҳаммадсайид Акрамов, ба қароре омаданд, ки барои хонандагони деҳаҳои мазкур бинои нави таълимӣ бунёд намоянд. Ташаббуси онҳоро раиси ноҳия Мусо Ғафурзода бо хушнудӣ ҷонибдорӣ намуд.
Ташаббускорон дар мувофиқа бо сокинони деҳаҳои Гулафшону Қаюмобод дар як ҷойи барои ҳар ду деҳа наздику мувофиқ сохтмони бинои муассисаи таълимиро оғоз намуданд ва қавл доданд, ки онро то фарорасии соли нави мелодӣ хушсифат ба анҷом мерасонанд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Сокинони деҳаҳо низ дар корҳои сохтмонӣ муташаккилона ширкат варзида, бинокоронро бо хӯрок таъмин менамоянд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»