13 сентябр як гурӯҳи шастнафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба минтақаи Рашт сафар карданд. Сафари ҷавонон 5 рўз идома ёфт.
Ҷавононро сокинони ноҳияи Файзобод бо нону намак пешвоз гирифтанд. Дар шаҳри Роғун онҳо бо ҷараёни сохтмони иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошно шуданд. Нисфирӯзӣ гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Нуробод расиданд. Аъзои гурўҳро ҷавонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Давлатзода Мирзоумар Кенҷа истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Рашт ҷавонони фаъол бо сокинони маҳаллӣ чанд мулоқот анҷом дода, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор карданд. Баъд аз машқи пагоҳирӯзӣ ҷавонон дар МТМУ № 12, воқеъ дар деҳаи Шулонаки ноҳияи Рашт, дар мавзӯъҳои «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» ва ғайра бо ҷавонону наврасон мулоқот карданд. Чунин вохӯрӣ дар МТМУ № 6 дар деҳаи Сангималикӣ низ доир гашт.
Гурӯҳи ҷавонон, инчунин ба аёдати собиқадори меҳнат, соҳибкори ботаҷриба Муҳиб Бобоҷонов, ки дар озмуни ноҳиявии «Оилаи намунавӣ» ҷойи аввалро ишғол намуда буд, рафтанд. Пас аз нисфирӯзӣ ин гурӯҳ дар қисми низомии 0211-и шаҳраки Навобод бо тарзи зиндагӣ ва хизмати сарбозон шинос шуданд.
Шоми ҳамон рӯз дар деҳоти «Тагоба» бо иштироки зиёда аз 1000 нафар сокинон ва ҷавонони фаъол шоми фарҳангӣ доир гардид.
Чунин чорабиниҳо дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш низ доир гаштанд.
15 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Ҳамоишро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ифтитоҳ бахшида, дар хусуси нақши ҷавонон дар рушду нумўи минтақа ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир, инчунин дастгирию ѓамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ба таври муфассал сухан ронд.
Аҳтам Абдуллозода — раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуд, ки бо шукргузорӣ аз тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба минтақаи Рашт роҳандозӣ гардидааст, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ояндасози кишвар дарак медиҳад. Ў, ҳамчунин афзуд, ки меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳо бо мақсади устувор гардидани дӯстиву рафоқати онҳо ба роҳ монда шудааст. Ба ин васила ҷавонон тибқи нақшаи пешбинишуда бо зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон дар ноҳияҳои гуногуни кишвар ошно мегарданд.
Дар ҳамоиши ҷавонон Миҷгона Муқимова аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба сухан баромада, зикр намуд, ки ман бори авввал ба ин минтақа сафар намудам ва таассуроти амиқе бардоштам.
Ромиз Холов аз вилояти Суѓд дар баромади худ қайд намуд, ки аз ноҳияҳои минтақаи Рашт бо шарофати ин сафар дўстони зиёде пайдо намудам.
Эмомалӣ Набиев аз вилояти Хатлон афзуд, ки мо дар хонадони сокинони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт ва Тоҷикободу Лахш меҳмон будем. Меҳмоннавозию меҳнатқаринии мардуми ин минтақа шистаи таҳсин аст.
Ҳилола Шукурова аз шаҳри Душанбе гуфт, ки дўстию рафоқати мо, ки ба ин васила ба даст меояд, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдат, сулҳ ва дўстиро Пешвои миллат бо ҳамин роҳ барои мо меомўзонад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»
Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ