Зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Азимов зимни интихоботе, ки ҳафтаи гузашта дар Федератсияи Россия (ФР) баргузор гашт, аз ҷониби ҳизби «Россияи воҳид»-и вилояти Киров ҳамчун вакил ба Думаи давлатии Россия интихоб гашт. Ин хабарро мардуми кишвар, хусусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуш пазируфтанд, зеро ин ҳолат дар таърих нахустин бор сурат гирифт.
Раҳимҷон Азимов дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки аз «Россияи воҳид» аксарият пуштибонӣ намуда, овоз додаанд ва ин далели он аст, ки ҳизб тавонистааст тими ҳирфаиеро таъсис диҳад ва ҳамакнун мақсади ягона саъю талош намудан барои беҳбудии шаҳрвандон мебошад».
Раҳимҷон Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳри Исфара, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Донишкадаи кӯҳкории шаҳри Ленинград ба номи Плехановро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи комплексии истихроҷи зеризаминии канданиҳои фоиданок» хатм карда, фаъолияти кориро аз Иттиҳодияи «Воркутаугол» ва шахтаи «Воркутинская» оғоз менамояд. Солҳои 1994 – 1996 вазифаи намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Комиро дар Москва ба зимма дошт, сипас ба ҳайси ҷонишини намояндаи ҳамешагии Ҷумҳурии Комӣ дар назди Президенти ФР ва директори иҷроияи Бунёди Шимолӣ – минтақавии барномаҳои президентӣ буд. Солҳои 2002 – 2003 узви Шӯрои Федератсия буда, баъдан барои кор ба Кумитаи давлатии ФР оид ба назорати маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ гузашт. Он солҳо рутбаи полковники политсияро низ гирифт.
Соли 2002 Академияи дипломатии ФР ва соли 2011 Донишкадаи корҳои дохилии Санкт–Петербургро хатм карда, доктори илмҳои техникӣ мебошад. Дар интихоботи парлумонии соли 2000 шахси бовариноки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин буд.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
«Садои мардум»