Чанде пеш раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва масъулини шабакаҳои Бунёди Оғохон мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки дар тӯли 13 соли фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят силсилабарномаҳои ҳаётан муҳим дар самти маорифу тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқ роҳандозӣ шуданд.
Шодихон Ҷамшед аз ҳамкориҳо бо шарикони рушд, шабакаҳои Бунёди Оғохон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо густариш меёбанд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Барномаи рушди вилоятро барои солҳои 2016-2020 таҳия намудааст ва дар иҷрои бандҳои ин барнома созмонҳои хайрхоҳ низ метавонанд саҳми босазо гузоранд.
Созмонҳои байналмилалӣ бояд зимни амалисозии барномаҳои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта ҷойгиршавии ҷуғрофии маҳалҳоро ба эътибор гиранд. Масалан, ВМКБ бо Бадахшони Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад, ки пас зарур аст, ки вақти ба истифода супурдани ҳар як иншоот манфиати ҳар ду вилоят бояд ба эътибор гирифта шавад. Пулҳои мошингард бар фарози рӯдхонаи Панҷ, бунёди шабакаҳои барқӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва маориф далели тақвияти ҳамкориҳо мебошанд.
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Зулфия Давлатбекова гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтақаҳои Тоҷикистон 250 миллион евро равона кунад. Аз 13 то 20 миллион еврои ин маблағ ба рушди хоҷагии халқи ВМКБ равона хоҳад шуд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»